Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

6-уми январи соли равон дар толори Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2024 ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони шӯъбаҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии зерсохтори раёсати мазкур иштирок намуданд.

Тавре зимни ҷаласаи мазкур қайд гардид, роҳбарият ва кулли кормандони Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар давоми соли 2024 фаъолияти хешро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳ монда, дар самти таъмини солими аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Гуфта шуд, ки дар давраи сипаригашта бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар соҳа низ як қатор навгониҳо дар самти ташхису табобати беморон, таъмиру таҷдиди бинову шӯъбаҳо ба амал омаданд.

Маҳз дар натиҷаи андешидани чораҳои муҳиму саривақтӣ имрӯзҳо сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе боз ҳам беҳтару хубтар гардида истодааст.

Ҳамин тавр, дар ҷаласаи мазкур фаъолияти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 пурра таҳлилу баррасӣ карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search