Ба истифода додани шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо

Имрӯз, 18-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ расман ба истифода дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи шуъбаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, шуъбаи мазкур аз 6 ҳуҷра иборат буда, дар он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрия, яъне буриши остиншакли меъда ва шунткунонии меъда ба рудаи борик бо тариқи лапароскопӣ гузаронида мешаванд.

Ба иттилои мутахассисони шуъба, тули ду сол мешавад, ки дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои нав ва мубрами ҷарроҳӣ, яъне ҷарроҳии бариатрикӣ  гузаронида мешавад. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ зиёда аз 250 амали бариатрикӣ, ки вобаста ба бемории фарбеҳӣ ва аворизҳои он, аз ҷумла диабети қанд аст, иҷро карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо зиёд гардидани муроҷиати шаҳрвандон ба амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ шуъбаи мазкур бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгу ба талаботи замон аз таъмир бароварда шуда, дар ҳуҷраҳои он барои табобати беморон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам гаштааст.

Зимни ифтитоҳи шуъбаи болозикр вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти бахши эҳёгарӣ, амалиётҳона ва ҳуҷраҳои он шинос шуд.

Бахши амалиётхонаи шуъба бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст, ки мутахассисони ватанӣ бо истифода аз онҳо амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикиро дар сатҳи баланд ба беморон мегузаронанд.

Ба иттилои Ҳакимзода Беҳрузҷони Ҳамид, мудири шуъбаи бариатрикӣ ва герниологии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, мутахассисони маркази мазкур тайи се соли охир ба чандин кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Қазоқистон барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ сафарбар гардида, баъдан усулҳои нави табобати ҷарроҳии бариатрикиро дар мамлакат анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки ба роҳ мондани амалиёти ҷарроҳии бариатрикӣ боис гашт, ки сатҳи ҳаёти чунин беморон беҳтар гардида, онҳо вазни худро хеле кам бикунанд.

Хушбахтона, натиҷаҳои чунин амалиёти ҷарроҳӣ хуб буда, сатҳи камшавии вазни беморон қаноатбахш мебошад. Аз ҷумла, мутахассисони шуъба иброз медоранд, ки якчанд беморе, ки нисбати аворизи бемории фарбеҳӣ, яъне диабети қанд ҷарроҳӣ шуда буданд, бемории қанди онҳо марҳилаи канпесаторӣ гузашт ва сифати ҳаёташон беҳтар шуд.

Дар ҳамин ҳол, зикр намудан ба маврид аст, ки чанд сол пеш гирифторони бемории фарбеҳӣ ва диабети қанд эҳтиёҷ доштанд, ки берун аз кишвар бо масрафи маблағи зиёд аз  чунин амалиёти ҷарроҳӣ гузаранд. Баъди бозгашт ба кишвар онҳо якчанд муддат низ таҳти назорати табибони хориҷӣ қарор гирифта, боз ба он давлатҳо сафар мекарданд.

Акнун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, ки гирифторони чунин бемориҳо дар ватани худ аз амалиёти ҷарроҳӣ гузашта, зери назорати табибони баландихтисоси ватанӣ табобат бигиранд.

Аснои суҳбат бо роҳбарият ва мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода  масъалаҳои беҳтар намудани фаъолият дар самти ба роҳ мондани амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ, такмили ихтисос ва бозомузии мутахассисони марказ дар хориҷи кишвар, боз ҳам беҳтар намудани корҳои илмию татқиқотӣ ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти маркази мазкурро баррасӣ намуд.

Масъулини Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо иброз медоранд, ки дар оянда татбиқи технологияҳои навтарини лапароскопӣ ва камосеб ва инчунин омодасозӣ ва таълими мутахассисони ҷавон дар заминаи марказ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи мамлакат  низ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search