Ба роҳ мондани табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ дар самти бартарафсозии нуқсонҳои кори номураттаби дил

Масъалаҳои ба роҳ мондани табодули таҷриба бо табибони кишварҳои гуногуни олам дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тандурустии мамлакат дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, боиси қаноатмандист, ки дар ин раванд тадбирҳои муассир амалӣ гашта истодаанд.

Бо фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид, аз ҷумла дастрасии дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва баланд бардоштани донишу таҷрибаи мутахассисони ватанӣ имкон даст дод, ки дар кишвар мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ низ ба беморон гузаронида шаванд.

Дар доираи ҳамкориҳои судманд ва бо мақсади ба роҳ мондани табодули таҷриба дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони варзида аз кишварҳои Эрон ва Чин ва табибони маркази мазкур як қатор амалиётҳои ҷарроҳӣ дар самти бартарафсозии нуқсонҳои кори номураттаби дил гузаронида шуданд.

Тавре мутахассисони ин марказ иброз медоранд, тапиши аз 160 то 240 маротиба ҳолати кори номураттаби дилро нишон дода, ҳамзамон кори номураттаби қалб новобаста аз синну сол ба вуҷуъ меояд.

Ҷиҳати бартарафсозии ин ҳолат дар маркази мазкур ба як нафар бемори 27 сола амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Ба таъкиди табибони муассисаи мазкур, амалиётҳои ҷарроҳӣ барои ингуна беморон давоми аз 1 то 3 соат идома ёфта, ҳамин вақти кутоҳ тапиши меъёри муайяни қалб аз 60 то 90 маротиба дар як дақиқаро таъмин мекунад.

Ҳамзамон, дар раванди амалиёти ҷарроҳӣ зарурати буриш ва беҳискунии бемор пеш намеояд.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки омилҳои зиёд вуҷуд доранд, ки дар ниҳоят кори қалбро номураттаб мекунанд, вале истифода аз обҳои нурафзо метавонад асостарин омил бошад.

Аз ин рӯ, дар ҳолати мушоҳида намудани номураттабии кори дил бояд фавран ба мутахассиси соҳа муроҷиат намуд, зеро сарфи назар кардани вазъ дар 90 дарсади ҳолат ҳаёти касро зери хатар мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати гузаронидани нодиртарин амалиётҳои ҷарроҳӣ махсусан дар дилу рагҳо фароҳам оварда шудааст.

Иштироки табибони хориҷӣ дар рафти баргузории амалиётҳои ҷарроҳӣ дар маркази мазкур танҳо бо мақсади ҳамкорӣ ва боз ҳам баланд бардоштани донишу таҷриба ва малакаи касбии мутахассисони ватанӣ мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search