Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар мизи мудаввар баргузор гардид

24-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26 июн – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, коршиносон, шарикони рушд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки талошҳои Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муборизаи ҷаҳонӣ бо маводи нашъовар ва кӯмаку мусоидати созмонҳои умумибашарӣ барои пешгирии ин бемории аср ​ воқеан ҳам хеле назаррасанд.

Бо ин мақсад дар кишвар дар сатҳи баланди сиёсӣ тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилӣ дар самти пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, нашъамандӣ ва коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоӣ аз ин амалҳои номатлуб фароҳам оварда шудаанд.

Вобаста ба ин масъалаи мубрам айни ҳол дар кишвар “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021, №145 тасдиқ гардидааст, амалӣ шуда истодааст. Дар ин раванд, тибқи талаботи банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи мазкур дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2021-2025» таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Дар ҳамин замина, қайд кардан лозим аст, ки аз ҷониби кормандони маркази мазкур бахшида ба ин рӯз дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» чорабинии омавӣ- фарҳангии «Расми беҳтарин» баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланди таблиғоти тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуб баргузор ва ғолибони он бо туҳфаҳои арзишнок ва ифтихорномаҳои марказ қадрдонӣ карда шуданд.

Нашъамандӣ​ душмани ҳаёти солим буда, пешгирӣ​ намудани ин вабои аср пеш аз ҳама ба воситаи боло бурдани маърифати тиббии мардум, ҳамкориҳои судманд​ бо сохторҳои масъул ва​ шарикони рушд ба даст хоҳад омад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search