Баргузории ҷаласаи якуми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи грантҳои хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон

14-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи грантҳои минтақавӣ ва кишварии Хазинаи пандемикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, аъзоёни гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ, роҳбарони раёсату шуъбаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ҳамчунин як қисми иштирокчиён ба тариқи онлайн иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст маблағгузории назарраси грантиро барои таҳкими омодагӣ ба пандемия ва муқовимат ба доруҳои зиддимикробӣ ҷалб намояд. Ин иқдом нишонаи эътимоди шарикони байналмилалӣ ба низоми тандурустии кишвар арзёбӣ гардид.

Қайд гардид, ки таҷрибаи пандемияи COVID-19 зарурати ҳамкории байнисоҳавиро боз ҳам равшан намуд. Дар ин замина, татбиқи лоиҳаи «Тақвияти равиши “Саломатии ягона” барои омодагӣ ба пандемия ва коҳиши муқовимати зиддимикробӣ» ҳамчун самти калидӣ барои ҳамгироии соҳаҳои тандурустӣ, байторӣ ва ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба оғози марҳилаи амалисозии грантҳо, аз ҷумла муайян намудани нақш ва масъулиятҳо, таъсиси механизмҳои ҳамоҳангсозӣ, таҳияи нақшаи муфассали амал ва пешгирии такроршавии фаъолиятҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, иштирокчиён зарурати таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушдро таъкид намуда, қадамҳои аввалиндараҷа барои татбиқи самараноки лоиҳаҳоро мувофиқа карданд.

Маврид ба зикр аст, ки татбиқи грантҳои мазкур барои рушди низоми устувори тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии кишвар ба ҳолатҳои фавқулодаи эпидемиологӣ мусоидат намояд.

Дар интиҳои ҷаласа масъалаҳои ҳалталаб оид ба татбиқи лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён фикру андеша ва пешниҳодҳои худро барои пешрафти кор иброз намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search