Баррасии ду масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Имрӯз, 19-уми апрели соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, роҳбарони агентӣ ва хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии  шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур ду масъала-“Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли 2025 ва вазифаҳо то охири соли 2025”  ва “Дар бораи то ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардаҳои солҳои таҳсили 2021-2024 Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ва хатмкардаҳои соли таҳсили 2022-2024 коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар мавзӯи якуми ҷаласа, яъне “Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли 2025 ва вазифаҳо то охири соли 2025” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода баромад кард.

Қайд карда шуд, ки дар давраи сипаригашта маҳз  бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар боз ҳам рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гашт.

Махсусан, дар давраи ҳисоботӣ дар самти сохтмон, таъмиру таҷдид ва бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Бояд гуфт, ки беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар 3 моҳи соли 2025 дар муассисаҳои тандурустии кишвар 22051 нафар табиб ва 63500 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2,1 ва 1,6 % зиёд мебошад.

Теъдоди донишҷӯёни соли таҳсили 2024– 2025-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 13024 нафар, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 2602 нафар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5098 нафар ва Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон 3449 нафар мебошанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 36 коллеҷҳои тиббӣ, аз ҷумла 16 коллеҷҳои тиббии давлатӣ ва 20 коллеҷҳои тиббии ғайридавлатӣ фаъолият доранд.

Дар соли 2024 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро 1708 нафар, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро 384 нафар ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 394 нафар донишҷӯён хатм кард. Ба марҳилаи ординатураи клиникӣ аз хориҷи кишвар 82 нафар донишҷӯён қабул шуданд. Ҳамзамон, дар соли хатми 2024 коллеҷҳои тиббии давлатии ҷумҳуриро 10853 нафар донишҷӯён хатм намуданд.

Дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар 3 моҳи соли 2025 – 892 нафар шунавандагон (421 нафар табибон ва 471 нафар кормандони миёнаи тиббӣ) ба давраҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта (865 нафар) теъдоди шунавандагони донишкада 27 нафар зиёд шудааст.

Дар 3 моҳи соли 2025 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 2288 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар зиёд мебошад.

Дар ин муддат 69 нафар мутахассисони ватанӣ дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар ба такмили ихтисос ва курсҳои омӯзишӣ, гузаштани марҳилаи ординатураи клиникӣ аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 20 нафар зиёд мебошад. 

Ба ҳолати имрӯза дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳо барои хатнаи кӯдакон фаъолият дошта, дар 3 моҳи соли  равон ба 30 882 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида шудааст.

Дар се моҳи соли 2025 бо мақсади таъмини муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, рентгени рақамии сайёр, мебел ва молҳои тиббӣ, катҳои функсионали бо матрас, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, дору, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ ва сайёр,  миззи ҷарроҳӣ, ва ғайра)  дастрас карда шудааст.

Айни ҳол дар вазорат модулҳои иттилоотии низоми тандурустӣ фаъолият дар самти системаҳои иттилоотии бақайдгирии таваллуд ва фавт, бақайдгирии эмгузаронӣ, қабули ташхисҳо, бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон, сомонаҳои электронии шаҳрвандӣ, кӯмаки беруна, тибби хусусӣ ва феҳристи электронии низоми равонасозии перинаталӣ оғоз гардида, дар ин радиф дар системаи электронии ягонаи бисёрмодулаи “tandurusti.tj” ҷиҳати ворид намудани пардохт ва ҳампардохти аҳолӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600  корҳои омодагӣ идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати 30 марти соли 2025 дар низоми функсионалии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёда аз 220 ташкилоту муассисаҳо ва хадамоти иҷтимоӣ фаъолият карда, дар умум зиёда аз 4509 нафар кор мекунанд.

Айни замон ду маркази миллӣ ва байналмилалии тавонбахшии маъюбон, як Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, як Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” дар шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд, як Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” як Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила», як Муассисаи давлатии «Маркази омор ва иттилооти таҳлили низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”,  инчунин дар номгӯи муассисаҳои системаи Агентӣ 11 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ (хона-интернатҳо) ва 3 истироҳатгоҳу 1 осоишгоҳ, 44 адад марказҳо (шуъбаҳо)-и хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва 58 марказҳои тавонбахшии будубоши рӯзона, ки дар доираи фармоиши иҷтимоии давлатӣ бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд, шомил буда, фаъолият карда истодаанд.

Доир ба масъалаи дуюми ҷаласа-“Дар бораи то ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардаҳои солҳои таҳсили 2021-2024 Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ва хатмкардаҳои соли таҳсили 2022-2024 коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ” сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиддин Юсуфӣ баромад намуд.

Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд низ доир ба фаъолияти хеш дар семоҳаи аввали соли 2025 баромад карданд.

Дар идома вазъи феълии соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан, одоби муоширати табибон бо беморон, истифодаи дурусти таҷҳизоти муосири тиббие, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои соҳавӣ дастрас карда шудаанд, пешгирии бемориҳои сироятӣ, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои муҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search