14-уми октябри соли равон дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат ду масъала- «Таҳлили вазъи маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар шабакаи муассисаҳои КАТС-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Баррасии вазъи тавонбахшии тиббӣ ва иҷтимой дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ва хизматрасонии иҷтимоии кишвар ва пешниҳодҳои илман асоснокнамуда оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба мавзуи якуми ҷаласа, яъне «Таҳлили вазъи маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар шабакаи муассисаҳои КАТС-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутахассиси пешбари Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ 3иёдулло Идрисов маълумот пешниҳод намуд.

Тавре зикр гардид, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои асосии хизматрасонӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ба он пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Чорабиниҳои мушаххас барои рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар доираи Нақшаи амали солҳои 2024-2026 татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2024, №197 тасдиқ шудааст, амалӣ гардида истодааст.
Дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарии соҳа имрӯз модели намунавии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Данғара, Маркази саломатии шаҳрии №15 шаҳри Душанбе ва Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Суғд оғоз гардида, дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо бо муайян намудани манбаи маблағгузории онҳо таҳия гардидааст.
Дар доираи амалисозии “Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” чорабиниҳо ҷиҳати танзими равандҳои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ тавассути тақвияти нерӯи кадрии тибби оилавӣ, маблағгузорӣ ва идоракунии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ анҷом дода шуданд.
Дар баробари ин, бо мақсади муайян намудани ҳолати инфрасохтор, заминаи моддию техникӣ, иқтидори кадрӣ, фаъолияти ҷории шабакаи муассисаҳо дар самти солимии модару кӯдак, бемориҳои сил, саратон, таъсиси муассисаҳои намунавии таҷрибаи пешқадам дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳлилҳо гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии КАТС-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо иштироки тамоми сохторҳои алоқаманд ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи вилоятҳо гузаронида шуда, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд.
Бо мақсади баҳодиҳии фаъолияти муассисаҳои КАТС бо назардошти амалинамоии принсипи тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ тибқи фармоиши дахлдори вазорат гурӯҳи мутахассисон ба шаҳру ноҳияҳо барои таҳлили вазъ сафарбар карда шуданд.
Инчунин, дар рафти таҳлил маводҳое, ки дар асоси санҷишҳои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давоми моҳи сентябри соли 2024 то моҳи июли соли 2025 пешниҳод карда шудаанд, низ истифода шуданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолият дар самти рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ-ин беҳтаркунии инфрасохтор ба шумор рафта, дар ҳамин давраи соли 2025 дар маҷмӯъ – 67 адад муассисаҳои кумаки аввалия сохта шуда, дар 110 адад муассисаҳои дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, 207 муассисаҳои КАТС аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 145 адад муассисаҳои дигар таъмир идома дорад.
Новобаста аз ин мутаасифона, айни замон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ҳолати физикии муассисаҳои КАТС дар сатҳи ногувор қарор дорад.

Доир ба мавзуи дуюми ҷаласа-«Баррасии вазъи тавонбахшии тиббӣ ва иҷтимой дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ва хизматрасонии иҷтимоии кишвар ва пешниҳодҳои илман асоснокнамуда оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта» директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгохи экспертизаи тиббию иҷтимой ва тавонбахшии маъюбон» Зафар Азизов баромад кард.
Гуфта шуд, ки тавонбахшӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тиббию иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми ҷаҳон рушд ёфта истодааст. Дар ҷумҳурӣ пас аз ба имзо расидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон, ки соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҷумла, Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116) барои давраи то соли 2024, Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 20160, №455) тасдиқ гардидаанд.

Дар асоси ҳуҷҷатҳои мазкур, дар кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалию ғайридавлатӣ корҳои зиёд, аз ҷумла таъсиси марказҳои тиббии хусусӣ бо самти тавонбахшӣ, ҳуҷраю бахшҳои тавонбахшӣ дар муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ, омода намудани мутахассисони соҳа, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва ғайра.
Дар идомаи баромади хеш номбурда доир ба дигар самтҳои масъалаи мазкур низ баромад карда, ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.
Дар пас шунидани маърӯзаҳо доир ба масъалаҳои баррасишуда муҳокимаронӣ сурат гирифта, аз ҷумла таваҷҷуҳи бештар ба мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа равона карда шуд.

Дар охир оид ба мавзуъҳои пешниҳодгашта қарорҳои дахлдор қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.