Баррасии масъалаҳои пешгирӣ, дарёфти саривақтӣ ва назорати диабети қанд ва фишорбаландии шараёнӣ тавассути тавонбахшии системаи КАТС

Имрӯз, 28-уми октябри соли равон дар доираи татбиқи “Стратегияи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи пешгирӣ, дарёфти саривақтӣ ва назорати диабети қанд ва фишорбаландии шараёнӣ тавассути тавонбахшии системаи КАТС: Лоиҳаи пилотӣ дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, шарикон оид ба рушд, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, масъулини вазорат ва мутахассисони соҳа иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласаи корӣ гуфта шуд, ки проблемаи диабети қанд, ки яке аз бемориҳои ғайрисироятӣ ба ҳисоб меравад, имруз дар саросари ҷаҳон афзоиши назаррас ва босуръатро доро мебошад, ки он ба солимии омма таъсири манфии худро мерасонад ва ба зиёд шудани фавт ва маъюбият аз ин беморӣ сабаб мешавад.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумораи калонсолони гирифтори диабет аз соли 1990 то 2022 аз 200 миллион то ба беш аз 830 миллион нафар афзоиш ёфтааст, ки дар тули се даҳсола беш аз чор маротиба зиёд шудааст.

Масъалаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ дар давлатҳои аъзои Бюрои Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва умуман дар ҷаҳони муосир масъалаи муҳим ба шумор меравад, зеро бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, саратон, осебдидҳо, диабети қанд, бемориҳои музмини шуш ва роҳҳои нафас, ихтилоли руҳӣ, инчунин зуроварӣ ва ғайраҳо яке аз сабабҳои асосии маъюбӣ ва зиёда аз 70% фавти шаҳрвандон дар ҷаҳон мебошанд.

Ҳамаи ин маълумотҳоро ба назар гирифта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади коҳиш додани сарбарии бемориҳои ғайрисироятӣ дар кишвар дар чаҳорчубаи нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ зина ба зина фаъолият мебарад.

Дар ин замина, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №414 «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ карда шуд, ки дар он масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст.

Зимни чорабинӣ ҳамзамон оғози лоиҳаи пилотӣ оид ба пешгирӣ, дарёфти барвақтӣ ва табобати диабети қанд ва фишорбаландии шараёнӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд амалӣ карда мешавад, муаррифӣ гардид.

Тавре зикр гардид, ҳадафи асосии ин лоиҳа-коҳиш додани сарбории бемориҳои ғайрисироятӣ дар кишвари мо мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф се самти асосӣ дар мадди назар дошта шудааст: Пешгирӣ, ташхиси барвақт ва табобати самаранок.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти лоиҳаи пилотии болозикр маълумот пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search