Баррасии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон мизи мудаввар доир гашт, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қудратулло Қурбонзода, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Фахриддин Юсуфзода, намояндагони вазорату идораҳо ва сохторҳои алоқаманди кишвар иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи ҷаласа Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазир, сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирокчиёнро бо масъалаи баррасишаванда шинос намуда, ҳадафҳои асосии қабули фармон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баимзорасонии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва қабули Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024 шарҳ дода, ёдовар гардид, ки аз соли 2020 то соли 2024 дар доираи Нақшаи миллии амалҳои мазкур аз ҷониби ниҳодҳои масъули иҷрои он корҳои зиёде ба иҷро расидаанд.

Сипас, муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қурбонзода Қ. Б. оид ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024 ва натиҷаҳои бадастомада вобаста ба ҳар як банд маълумот пешниҳод намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки амалигардонии тадбирҳои пешбининамудаи Нақшаи миллии амалҳо баҳри омода гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқи (ратификатсияи) конвенсия омили муҳим ба шумор рафта, Нақша аз чорабиниҳои мушаххас иборат буда, 8 фасл ва 50 бандро оид ба самтҳои зерин дар бар мегирад: такмил додани қонунгузорӣ дар қисмати таъмини мутобиқатии онҳо ба муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъоли шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти шахсии шахсони маъюб ва ташаккули фаҳмиши худтаъминкунии маъюбон баҳри истифодабарии потенсиали зеҳнию ҷисмонии худ дар ҳаёти шахсӣ ва иштирок дар ҳайти ҷамъиятию сиёсии кишвар, бунёди муҳити иҷтимоии мусоид ва дастрас барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, аз ҷумла маъюбон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии маъюбон ва аъзои оилаи онҳо, тақвият додани маъракаҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои маъюбият ва ташаккули тарзи ҳаёти солим.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки маъюбон ба хизматрасониҳои тиббию иҷтимоии ройгон фаро гирифта шуда, ҳуқуқу кафолатҳо ва имтиёзҳои барои онҳо пешбинигашта мавриди амал қарор доранд. Шахсони дорои маъюбият иштирокчиёни фаъоли мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ мебошанд. Масъалаи таҳсили онҳо дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва олии кишвар ҳалли худро ёфта, вазъи бо кор таъмин намудани онҳо низ беҳтар гардидааст. Дастрасии одамони ношунаво ва нобино ба барномаҳои телевизонӣ (варзишӣ, хабарӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва филмҳо) бо истифодаи тарҷумаи забони имову ишора ва субтитрҳо бо забони тоҷикӣ таъмин гардида, дастовардҳои онҳо тавассути васоити ахбори омма тарғиб мегардад. Баргузории форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбият имкон дод, ки дастовардҳо дар сатҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ташвиқу тарғиб гардида, баҳри ислоҳи мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Ҳамин тариқ, таҳлили банд ба банди рафти иҷрои Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024 нишон медиҳад, ки нисбати чорабиниҳои ба нақша гирифташуда тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Пас аз шунидани маълумотномаи пешниҳодгардида, муовини вазир таваҷҷуҳи намояндагони вазорату идораҳоро ба муҳокимаи масъала ҷалб намуд.

Ҳамин тавр, дар рафти ҷаласаи мазкур банд ба банди вазъи иҷрои Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон брои давраи то соли 2024 ва қабули иқдомоти минбаъда баррасӣ гаштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search