Имрӯз, 26-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони агентӣ ва хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Нахуст муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ба муносибати фарорасии 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро ба ин санаи фархунда табрику шодбош гуфт.
Сипас, дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат се масъала- “Рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 2027”, “Пурзӯр намудани чораҳо оид ба пешгирии сироятҳои ба расонидани кӯмаки тиббӣ вобаста дар муассисаҳои тандурустӣ, косметологӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаҳои таваллудии беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ ва марказҳои репродуктивии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон” ва “Ҷараёни амалишавии Созишномаи байни Ҷумҳурии Точикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд аз 30 июни соли 2023 (гранти №Е1600-ТЈ) “Оид ба маблағгузории лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба масъалаи якум сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев баромад кард.
Гуфта шуд, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ мебошад. Мушкилотҳо вобаста бо ғизои носолим ба тамоми аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд, алалхусус модарон ва кӯдакон аз ҷиҳати вазъи иҷтимоию иқтисодӣ хеле осебпазир мебошанд.
Ғизои мактабӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии кишвар муайян гардида, ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар намудани таваҷҷӯҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудаанд.
“Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 апрели соли 2022, №205 тасдиқ гардида, қабул гардидани барномаи мазкур натиҷаи пай дар пай татбиқ гаштани «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 28 феврали соли 2015, №102), «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» (аз 29 сентябри соли 2017, №456) ва фаъолияти самараноки Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ мебошад.
Ҳадафи барнома аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи он бо самтгирӣ ба устуворгардонии саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.
Ҳамин тавр, бояд тазаккур дод, ки нақшаи амалишавии барнома аз 33 банд иборат буда, дар солҳои 2024 – 2025 иҷроиши 25 банд бо як қатор масъалаҳои вобаста ба ташкили ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ гардида истодаанд. То имрӯз иҷроиши Барномаи мазкур 94,0%-ро ташкил медиҳад.

Доир ба масъалаи “Пурзӯр намудани чораҳо оид ба пешгирии сироятҳои ба расонидани кӯмаки тиббӣ вобаста дар муассисаҳои тандурустӣ, косметологӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаҳои таваллудии беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ ва марказҳои репродуктивии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон” сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии вазорат Саид Давлатзода маълумот пешниҳод намуд.
Тавре зикр гардид, пешгирӣ ва назорати сироят яке аз самтҳои самарабахши мубориза бо паҳншавии устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ эътироф шудааст. Беҳтар кардани шароити корӣ ва риояи талаботҳои дастурамалҳои миллӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла таъминоти гигиенаи дастон ва ҳолати санитарии муассисаҳо ҳамчунин хавфи фавт ва сироятҳои вобаста ба расонидани кӯмаки тиббиро бештар аз ду маротиба коҳиш дода, сарбории устуворӣ ба доруҳои зиддимикробиро барои саломатӣ тақрибан 40% кам мекунад.

Сироятҳое, ки ба расонидани кӯмаки тиббӣ вобастагӣ доранд, яке аз оризаҳои асосӣ ҳангоми расонидани кӯмаки тиббӣ мебошанд. Ин хатари ҷиддӣ барои саломатӣ аст, зеро бештари онҳо аз бактерияҳои ҷиддии ба антибиотикҳо тобовар ба вуҷуд меоянд. Ин боиси будубоши тӯлонӣ дар беморхона ва хароҷоти дахлдор мешавад ва ҳатто метавонад ба оқибатҳои номатлуб оварда расонад. Бо вуҷуди ин, бештари сироятҳо мумкин аст, ки тавассути чораҳои самарабахши пешгирикунанда ва назорати сироят пешгирӣ карда шаванд.
Пешгирӣ ва назорати сироятҳо дар сатҳи муассисаҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва косметологӣ ду ҳадафи асосӣ дорад: пешгирии интиқоли сироятҳо ҳангоми пешниҳод намудани хидматрасониҳои тиббӣ, косметологӣ ва иҷтимоӣ, ки ҳамаи амалиётҳои ҷарроҳӣ ва инвазивиро (масалан, тазриқ, воридсозии дохиливаридӣ, катетеризатсияи масона, нигоҳубини захмҳо, дохил намудани спирали дохилибатнӣ ва амалиётҳои ҷарроҳӣ, акушерию гинекологӣ ва косметологӣ)-ро дар бар мегиранд, инчунин ба ҳадди ақал кам намудани хавфи интиқоли сироятҳо (ба монанди гепатитҳои В ва С, ВНМО ва дигар сир) на танҳо ба беморон, балки ба кормандони соҳаи тиб ва кормандони хидматкунанда.
Зимни баромади хеш номурда доир ба таҳлил аз вазъи санитарию эпидемиологӣ ва кумаки фаврии тиббӣ дар як қатор муассисаҳои ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод кард.
Баъдан, дар мавзӯи сеюми ҷаласа- “Ҷараёни амалишавии Созишномаи байни Ҷумҳурии Точикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд аз 30 июни соли 2023 (гранти №Е1600-ТЈ) “Оид ба маблағгузории лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (қисматҳои алоқаманд)» роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳа Ҷамшед Каримов маърӯза кард.

Гуфта шуд, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур-ин дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ ва мукаммалгардонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, лоиҳа дар асоси 2 созишномаи маблағгузории грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ), дар ҳаҷми умумӣ баробар ба 37,5 млн. доллари ИМА амалӣ шуда истодааст.
Ҷамшед Каримов зимни баромади хеш доир ба қисматҳои лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” ва ҳаҷми маблағи онҳо маълумот пешниҳод кард.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо таваҷҷуҳи бештар ба мушкилотҳои ҷойдошта дар масъалаҳои баррасишуда зоҳир карда шуда, онҳо мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳо ва мутахассисони соҳавӣ низ доир ба масъалаҳои болозикр маълумот пешниҳод карданд.

Дар охир оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дастур ва супоришҳои мушаххас гирифтанд.