Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бемори гирифтори омоси сараки ғадуди зери меъда ду стенти худкушодашавандаи металлӣ бо усули эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузошта шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар бемор, ки бо шикоятҳои зардшавии луобпардаҳо ва склера, ранги пешоб сурхчатоб , дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва заъфи умумӣ ба маркази мазкур муроҷиат кард, бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин бемор ду стенти худкушодаи металлӣ гузошта шуд.

Ба гуфти Сорбон Мусоев, номзади илмҳои тиб, мудири шӯъбаи ташхис ва табобати маркази номбурда, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро гузаронидааст, ташхис дар бемор омоси сараки ғадуди зери меъда, ки ба дувоздаҳангушта ва меъда паҳн мешавад, инчунин, зардшавии механики ва стенози декомпенсатсияшудаи пилорикиро нишон дод.

Ҳамин тавр, ба бемор амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз холангиопанкреатографияи ретроградии эндоскопӣ (ERCP) ва папиллосфинктеротомияи эндоскопӣ бо гузоштани стенти худкушодаи металлии нитинол, ки дарозии 8 см ва диаметри 1 см дорад, ба роҳҳои сафро гузаронида шуд.

Аз сабаби стенози шадиди пайванди меъда ва дувоздаҳангушта, ба бемор иловатан стенти худкушодаи металлии нитинол бо дарозии 12 см ва диаметри 22 мм низ гузошта шуд.

Хушбахтона, пас аз амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати бемор хуб буда, он дар ҳудуди кати бистарӣ фаъол мебошад ва дар муддати кутоҳ ба хона рухсат дода хоҳад шуд.

Дастоварди навбатии табибони кишвар бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани дилхоҳ амалиёти ҷарроҳии мураккаб шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

“Махзани электронии иммунизатсияи нақшавӣ ва иловагии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Тағироти кадрӣ. Сафарзода Абдулло Мумин директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин гардид

Search