Беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ дар ин самт корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таҳлил ва баррасии амиқи масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос мешавад.

Имрӯз, 30-юми марти равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо фаъолият ва корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи Мастчоҳ шинос гашт.
Дар доираи сафари кории хеш номбурда аз Маркази саломатии ноҳияи Мастчоҳ дидан кардаву бо фаъолияти шуъбаҳо, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ ва шароиту имкониятҳои он шинос гашта, баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарият ва кормандони онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.


