Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз раванди иҷрои корҳои сохтмони иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Файзобод

Имрӯз, 05 августи соли ҷорӣ Ҷамолиддин Абдуллозода,вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди иҷроиши корҳои сохтмонии иншоотитандурустӣ дар ноҳияи Файзобод дидан намуд.

Зимни боздид Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзииҷтимоии аҳолиро Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, Мансур Каримзода, раиси ноҳияи Файзобод, роҳбаронимуассисаҳои тандурустии ноҳия, намояндагони ширкати сохтмонӣ, муовинони раиси ноҳия ва мутахассисони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ҳамроҳӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки сохтмони иншооти тандурустӣ, иборат аз марказиташхису табобатии 3 ошёна, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказӣ дар доираиамалигардонии Лоиҳаи

“Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо маблағгузории Бонки Осиёиирушд сурат гирифта, муҷаҳҳазсозии иншооти болозикр бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ ҷараён дорад.

Зимни боздид бараванди корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода шуда, ҷиҳати омодагӣ ба истифодаи расмии иншоот дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо ҳадафи бунёди муассисаҳои тиббӣ ва бомуосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани он ва дар замина баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Айнӣ ва Дарвоз дар ҳоли татбиқ қарор дорад.

Айни замон рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар ноҳияи Файзобод бо сифати баланд ба итмом расида, равандимуҷаҳҳазгардонии онҳо бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ ҷараён доранд ва таи рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search