Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, боздид аз рафти фаъолият ва корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ, таҳлилу баррасии вазъи соҳа, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ дар байни аҳолӣ имрӯз, 21-уми марти соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд дидан намуд.

Дар доираи сафари корӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилоятӣ ва шаҳрии шаҳри Хуҷанд шинос шуд.

Зимни боздид номбурда бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ дидан карда, бо масъулин ва кормандони соҳа сӯҳбат анҷом дод.

Зимни суҳбат бо масъулин Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла пешгирии фавти модарон ва кӯдакон, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, назорати қатъии беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва ғайраро баррасӣ намуд.

Дар идома номбурда аз автобазаи тиббии вилоятӣ, ки дар он нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ нигаҳдорӣ мешаванд, низ дидан ба амал овард. Иттилоъ дода шуд, ки нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ баҳри расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search