Дар шаҳри Душанбе Анҷумани I саратоншиносон ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт

Имрӯз, 16-уми октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe»-и шаҳри Душанбе Анҷумани I саратоншиносон ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Саратоншиносӣ ва радиологияи муосир: ташхиси барвақт, тибби дақиқ, радиотерапияи пешрафта ва ҳамгироии илм ба амалияи миллии тандурустӣ» доир шуд.

Дар кори Анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Муҳиддин Нуриддин, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Муҳаббатзода Ҷиёнхон, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Акбар Муродзода, роҳбарияти марказҳои саратоншиносӣ ва мутахассисону коршиносони варзидаи соҳа аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Швейтсария, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, шарикон оид ба рушд, намояндаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи васеи мутахассисону коршиносони соҳаи ватанӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳи меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» намоиши дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат низ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки меҳмонон ва иштирокчиёни Анҷуман аз он дидан намуданд.

Кори Анҷумани I саратоншиносон ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Чорабинро директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Акбар Муродзода ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дод.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ номаи шодбошии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати баргузории Анҷумани якуми саратоншиносон ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонид.

Зимни баромади худ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ доир ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ, махсусан ба бемориҳои саратонӣ ёдовар шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар рафти баромади хеш иштирокчиён ва ҳайати меҳмононро барои иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфт.

Таъкид гардид, ки бемориҳои саратонӣ яке аз мушкилоти муҳими соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, пешгирӣ, ташхиси барвақт ва истифодаи усулҳои муосири табобат дар коҳиш додани оқибатҳои ин бемориҳо аҳаммияти калон доранд.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ба рушди низоми миллии тандурустӣ, тақвияти хадамоти саратоншиносӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири тиббӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои махсусгардонидашуда таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Бо мақсади пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ, такмили ташхису табобат ва рушди иқтидори соҳа як қатор барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029 ба таҳкими чораҳои пешгирикунанда, беҳтар намудани ошкорсозии барвақт ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ равона шудааст.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми маблағгузории хадамоти саратоншиносӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар панҷ соли охир аз 22,8 миллион сомонӣ ба 56,9 миллион сомонӣ расидааст. Маблағгузорӣ барои хариди доруҳои химиотерапевтӣ низ аз 1,2 миллион сомонӣ то 9,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон, танҳо дар ду соли охир аз сарчашмаҳои гуногун барои рушди хадамоти саратоншиносӣ таҷҳизоти муосири ташхисӣ ва табобатӣ ба маблағи умумии тақрибан 23 миллион сомонӣ дастрас карда шудааст.

Дар соли 2026 инчунин созишномаи қарзии имтиёзнок ба маблағи 10 миллион евро оид ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Лоиҳа муҷаҳҳаз намудани марказ бо таҷҳизоти муосири махсусгардонидашудаи ташхисӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаро дар бар мегирад.

Таъкид шуд, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, тақвияти нақши муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ошкорсозии барвақти бемориҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо марказҳои махсусгардонидашуда аз самтҳои муҳими рушди хадамоти саратоншиносӣ ба шумор мераванд.

Анҷумани якуми саратоншиносон ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табодули таҷрибаи пешқадам, баррасии масъалаҳои мубрами соҳа, тақвияти робитаҳои илмӣ ва касбӣ ва таҳияи пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати такмили хизматрасониҳои саратоншиносӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас, як қатор иштирочиёни Анҷуман ва саратоншиносони варзида аз кишварҳои гуногун низ ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни Анҷуман ҳамзамон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои илмию амалӣ дар соҳаи тандурустӣ байни муассисаи давлатии буҷетии федералии «Маркази миллии тиббӣ-тадқиқотии гематология, онкология ва иммунологияи кӯдакона ба номи Дмитрий Рогачёв»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Пасон, Анҷуман кори худро дар ҷаласаҳои пленарӣ дар бахшҳои “Омосҳои сару гардан, устухонҳо ва бофтаҳои нарм”, “Онкологияи кӯдакона”, “Онкогинекология ва маммология”, “Онкологияи торакоабдоминалӣ ва онкоуропроктология”, “Терапия ва доруворӣ. Ёрии паллиативӣ” идома дода, дар рафти онҳо аз ҷониби мутахассисону коршиносони варзидаи дохиливу хориҷӣ доир ба муҳимтарин масъалаҳои соҳаи саратоншиносӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардиданд.

Дар хотима қатъномаи Анҷуман қабул гардида, дар он натиҷаҳои асосии кори Анҷуман, пешниҳодҳои иштирокчиён, масъалаҳои мубрами илмию амалии рушди хизматрасонии онкологӣ ва радиологӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки такмили минбаъдаи ёрии махсусгардонидашудаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи маҷозии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар соҳаи гематология доир гашт

Ню Йорк. Иштирок ҳайати вазорат дар иҷросияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ

Корҳои ободонӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафир ва ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Боздид аз Хона интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор

Ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram