Боздиди табибони Қазоқистон аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Як гурӯҳ мутахассисони тибби Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо мақсади табодули таҷриба бо ҳамтоёни хеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, 10-уми июни соли ҷорӣ ба Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” ташриф оварданд.

Меҳмононро роҳбарияти Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон истиқбол намуда, доир ба фаъолияти муассиса маълумот пешниҳод кард.

Нахуст меҳмонон бо рафти корҳои сохтмонии бинои нави муассисаи номбурда, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ёрии таъҷилӣ, марҳилаи 5” ҷараён дорад, боздид намуда, бо лоиҳаи бино шинос гаштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки айни ҳол корҳо дар иншооти нави тандурустӣ тибқи лоиҳаи тасдиқгардида ҷараён дошта, баҳри бо сифати баланд ва ҷавобгу ба талаботи замон ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифат истифода гашта, ҳамзамон сохтмончиёни ботаҷриба ба кор ҷалб гаштаанд.

Сипас, меҳмонон бо рафти фаъолияти пажӯҳишгоҳ шинос гашта, аз рафти фаъолияти шуъбаҳо, шароиту имкониятҳои муҳайёгашта ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббии муассисаи мазкур дидан ба амал оварданд.

Дар ин замина, бояд гуфт, ки пешрафти корҳои илмии муассиса аз фаъолияти пурсамари кормандони илмӣ вобастагӣ дорад ва боиси ифтихор аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар пажӯҳишгоҳи мазкур 14 рисолаи докторӣ ва 51 рисолаи номзадӣ ба анҷом расонида шуд.

Қайд карда шуд, ки айни замон дар пажӯҳишгоҳ 4 нафар докторони илми тиб, 2 нафар профессор, 11 нафар дотсентҳо ва 45 нафар номзадҳои илм фаъолият намуда, самти корҳои илмии ҷумҳуриро бо навовариҳои илмӣ ғанӣ сохта, дар тайёр намудани олимони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар идомаи рӯз ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони тибби Қазоқистон барои табибони пажӯҳишгоҳ машғулияти омӯзишӣ доир ба масъалаҳои акушерию гинекологӣ баргузор карда шуда, дар рафти он ба иштирокчиён маълумотҳои муфиду судманд пешниҳод гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search