Боздиди вазирони танудурустии Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Санаи 02-юми октябри соли ҷорӣ вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Акмарал Алназарова ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Худоёров Асилбек Анварович, ки барои иштирок дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан карданд.

Дар саҳни даромадгоҳи ин муассисаи тандурустӣ ҳайати меҳмононро роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истиқбол намуд.

Бояд гуфт, ки Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” яке аз калонтарин муассисаҳои тандурустии мамлакат ба шумор меравад, ки дар он барои ташхису табобати беморон муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Вазирони тандурустии ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон аснои ташриф ба ин муассисаи тандурустӣ бо раванди фаъолияти як қатор шуъбаҳо ва дастовардҳои он шинос гаштанд.

Дар ин замина, ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи номбурда бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ нодиртарин амалиётҳои ҷарроҳӣ, махсусан дар мағзи сар низ гузаронида мешаванд, ки барои ба роҳ мондани чунин навгониҳо мутахассисони ватанӣ дар хориҷи кишвар аз такмили ихтисос ва даврҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.

Қайд гардид, ки дастовардҳои табибони тоҷик давоми солҳои охир дар тамоми бахшҳои соҳаи тандурустӣ, чӣ дар самти ташхису табобат ва чӣ дар самти ба роҳ мондани усулҳои ҷарроҳӣ маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба даст оварда шудаанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search