Чӣ гуна ва кадом маҳсулотро метавон зиёда аз ду сол хуб нигоҳ дошт?

Қайд кардан ба маврид аст, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд: «Ҳар як хонавода бояд барои ду сол захираи маводи ғизоӣ дошта бошад!»

Ин таъкиди Роҳбари давлат дар заминаи таҳдидҳои эҳтимолии ҷаҳонӣ ба амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, танқисии об дар сайёра, нооромии геосиёсӣ ва болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ сурат мегирад, то дар сурати муташаннич шудани вазъи ҷаҳонӣ ё офатҳои табиӣ аҳолӣ худро мустақилона бо ғизои солим таъмин карда тавонанд.

Ҳамин тавр, захираи дусолаи маводи зарурии озуқаворӣ метавонад дар ҳолатҳои фавқулодда барои ҳар як инсон наҷотбахш бошад.

Албатта, гармои шадиди тобистон ҳар як инсонро водор мекунад, ки дар низоми зиндагонии худ баъзе тағйирот ворид созад, то ба гармо мутобиқ шуда, саломатии худ ва наздиконашро ҳифз намояд.

Нигоҳдории маводи хӯрока бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ аз масъалаҳои муҳими дигарест, ки бояд ба он диққати махсус зоҳир кард.

Мутахассисони соҳа дар ин рӯзҳои гарми ҳаво аз шаҳрвандон даъват ба амал меоранд, ки махсусан ҳангоми истифодаи маводи хӯрока ниҳоят эҳтиёткор бошанд. Дар баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ҳангоми истеъмол ва нигоҳубини маҳсулоти хӯрока қоидаҳои бехатариро риоя кардан лозим аст. Чунки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси оқибатҳои вазнин мегардад, ки ин ба бемории сироятӣ, заҳролудшавӣ ва ба монанди инҳо оварда мерасонад.

Дар ҳамин маврид, бо мақсади пешгирии бемориҳои гуногун Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вобаста ба нигоҳубини маводи ғизоӣ дар чунин ҳавои гарм якчанд тавсияҳо пешниҳод менамояд.

Нахуст чунин тавсия дода мешавад, ки маводи ғизоиро танҳо дар ҷойҳои расмӣ ва бо сертификати сифат захира кардан лозим аст.

Ҳамзамон, бояд маҳсулоти ғизоӣ аз фурӯшгоҳҳо, корхонаҳои боэътимод ва маҳсулоти тамға (бренд)-дор харидорӣ карда шуда, ҳангоми захира кардан ба муҳлати нигоҳдории он низ аҳамияти ҷиддӣ додан ҳатмист.

Тавсия дода мешавад, ки муҳлати истифодабарии маҳсулот санҷида шуда, дар навбати аввал маҳсулоти куҳнашаванда истифода бурда карда шавад.

Муҳим аст, ки маҳсулот дар шароити мусоид, аз ҷумла ҷои хушк, тоза, салқин ва бе намӣ ва аз таъсири нури офтоб ва ҳарорати баланд эмин нигоҳдорӣ шавад.

Инчунин маводи ғизоӣ бояд дар зарфҳо ё халтаҳои ҳавоногузар ва муҳрдор нигоҳ дошта шуда, ҳангоми захира намудани лубиёгиҳо ва орд, чораҳои пешгирикунандаи ҳашарот низ андешида шавад.

Бинобар ин, замима кардани баргҳои хушки лаванда ё санавбар барои дур кардани ҳашарот аз чунин маҳсулотҳо хеле муфид аст.

Маҳсулоти захирашуда бояд мунтазам ва ҷиддӣ назорат шуда, дар давоми 1-2 моҳ тафтиш карда шаванд.

Дар ҳолати пайдо шудани бӯй, тағйироти ранг ё ҳашарот, маҳсулоти осебдидаро фавран ҷудо ва нобуд сохтан зарур аст, то ба маҳсулотҳои дигар зиёни хешро нарасонад.

Агар шароити яхдон ё сардхона набошад, аз захираи маҳсулоти зудвайроншаванда (гӯшт, тухм, шир) худдорӣ намудан лозим аст.

Тавсия дода мешавад, ки ҳангоми нигаҳдории равған, намак ва шакар онҳоро дар зарфҳои муҳрдор ва дур аз намӣ бояд нигоҳ дошт.

Аз ин рӯ, мутахассисони санитарию эпидемиологӣ қабл аз ҳама таъкид менамоянд, ки барои нигоҳ доштани маҳсулоти ғизоӣ шаҳрвандон бояд сахт эҳтиёткор бошанд.

Ба таъкиди мутахассисони санитарию эпидемиологӣ , маҳсулотҳои хӯрокворие, ки метавон зиёда аз 2 сол захира кард, инҳо мебошанд:

Ғалладона ва маҳсулоти ордӣ: Орди навъи олиро то 1,5 сол метавон дар ҷои хушк ва дар зарфҳои пушида нигоҳ дошт. Шолӣ (биринҷ)-ро бошад, то 2–3 сол дар зарфи басташуда ва дар ҷойи бе намӣ, ҷав, гандумро низ барои 2 сол, маҳсулоти макарониро низ 2 сол дар халта ё зарфҳои герметикӣ метавон захира кард.

Лубиёгиҳо ва донагиҳо: Лубиё, нахуд ва мошро барои 2 сол дар ҷои торик ва хушк дар зарфи маҳкамшуда ва бо бастабандии мустаҳкам метавон низ нигаҳдорӣ намуд.

​Намак, шакар ва дигар маҳсулоти асосӣ: Намакро метавон бе маҳдудият ва дар ҷойи бе намӣ захира карда, шакарро низ барои 2–3 сол дар ҷои хушк ва дур аз об нигоҳ дошт. Орди ҷуворимаккаро ҳам 1,5 сол дар халтаҳои герметикӣ захира намудан имкон ҳаст.

​Равғанҳо: Равғани растаниро 1,5 то 2 сол дар шиша ё зарфи торик ва сарпушдор, равғани зардро бошад, 1 сол бо нигоҳдорӣ дар яхдон (агар шарт бошад) захира кардан метавон.

Маҳсулотҳои табиӣ: Асалро зиёда аз 2 сол дар зарфи шишагӣ ё алюминӣ, меваҳои хушк (зардолу, ангур, олуча ва ғ.)-ро то 2 сол дар халтаи вакуум ё шишагӣ, сабзавотҳои хушк (пиёз, сир) 1–2 сол бидуни намӣ ва дар халтаи басташуда нигаҳ доштан зарур аст.

​Консерваҳо: Консерваи гуштро 2–3 сол бо муҳри муҳлатнок, консерваи моҳиро то 3 сол дар ҷои хунук ва торик ва консерваи сабзавотиро 1,5 то 2 сол барои захира кардан муфид мебошанд.

Маҳсулоти иловагӣ: Чойи хушк то 2 сол дар зарфи шишагӣ ё бастаи коғазӣ, қаҳва то 2 сол бо муҳр ва какао то 1,5 сол дар зарфҳои басташуда низ метавонанд нигаҳдорӣ шаванд.

Бо захира кардани маҳсулоти ғизоӣ шумо метавонед дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ худ ва наздиконатонро аз гуруснагӣ эмин нигоҳ доред.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search