Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи таърих

14 ноябри соли 2025 дар толори марказии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти марказ, сардорони шуъбаву бахшҳо, кормандони масъули сохторҳои ҳифзи санитарию эпидемиологӣ ва намояндагони муассисаҳои тиббӣ иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, бо сухани табрикотӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Дар баромад таъкид карда шуд, ки 16 ноябр барои мардуми тоҷик рӯзи тақдирсоз аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, бо ҷасорату хирадмандӣ Тоҷикистонро аз вартаи ҷангу буҳрон наҷот доданд.

Ҳамзамон қайд шуд, ки хизматҳои Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдории муосир ва рушди устувори ҷомеа беназир буда, маҳз бо сиёсати сулҳофаронаи Сарвари давлат имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари босубот ва рӯ ба пешравӣ шинохта шудааст.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамаи ҷашну санаҳои муҳими миллиро — аз ҷумла Рӯзи Истиқлолият, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар ва дигар ҷашнҳоро — маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва ваҳдатсози Пешвои миллат дар фазои оромиву субот таҷлил менамояд.

Дар охири ҳамоиш ба иштирокчиён филми кӯтоҳе оид ба хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу субот ва рушду пешрафти кишвар намоиш дода шуд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба ҳозирин барои иштироки фаъолона ва саҳми арзандаашон дар самти арҷгузорӣ ба ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва эҳтирому шукргузорӣ нисбат ба Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search