Имрӯз, 05-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати фарорасии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 6-уми ноябр дар Ватани азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, чорабинии идона доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, сардорони раёсту шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ иштирок карданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон оғоз ёфт.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрику шодбош намуд.
Тавре гуфта шуд, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро ҳанӯз 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.
Дар ин робита, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».
Қайд гардид, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул ва мавриди амал қарор дода шуд, ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, он ҳамзамон аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали ин Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Яъне, давлат тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки бо шарофати қабули Конститутсия ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва як кишвари бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангдӯст шинохтаанд.
Дар ҳақиқат ҳам ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар месозад.
Мусаллам аст, ки Конститутсия ҳамчун арзиши олии миллат ҳисобида шуда, мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Яъне, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум санади тақдирсозест, ки низоми давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро таъмин менамояд.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар дебочаи он чунин қайд карда шудааст: “Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.
Зимни чорабинии идона иброз шуд, ки имрӯзҳо бояд ҳар кадоми мо-сокинони Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии инсонӣ, ки дар Конститутсия сабт гардидаанд, дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи тамаддуну осори таърихие, ки садсолаҳо эҷод гардиданд ва имрӯз маҳфуз ҳастанд, инчунин ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии кишварамон саҳми назаррас дошта бошем.
“Бо эътимод ва боварии комил метавон изҳор намуд, ки 31-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад”,-дар анҷоми баромади хеш қайд кард Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


