COVID-19: 17 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд

Имрӯз, 6 сентябри соли равон зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавнируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 17 нафар  пас аз муолиҷа солим гардонида шуд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 сентябр  дар кишвар 17005 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16866 нафар (99,2%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 124 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

9-уми феврал-Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон

Семинари омӯзишӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо гепатити вирусӣ

Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘纸飞机易翻译比特浏览器mumu模拟器