Дар Филармонияи давлатӣ бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир гашт

18-уми августи соли равон бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон, зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар толори барҳавои Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, Ҳабибулло Хайруллозода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҳаётзода Нурхон, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки маросими расмии таҷлили Иди касбии табибони Тоҷикистон субҳи имрӯз бо гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи табиби ҳозиқ ва ҳакими шинохта Абуалӣ ибни Сино дар назди бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки рӯ ба рӯи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–“Шифобахш” ҷойгир аст, аз ҷониби роҳбарияти вазорат оғоз гардид.

Ҳамин тавр, чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Баъдан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бо иди касбиашон табрику муборакбод гуфт ва дар фаъолияти минбаъдаи корӣ ба ҳар кадоми онҳо барору муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

Қайд гардид, ки мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 18 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди касбии табибон ва зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешаванд.

Ба рӯзи зодрӯзи чунин шахсияти барҷастаи таърих ва табиби ҳозиқи ҳамаи давру замон рост омадани Иди касбии табибони Тоҷикистон басо рамзӣ ва фоли нек аст.

Дар ин рӯз дар кишвари мо дар баробари шинохти бештар пайдо кардан ва ифтихор намудан аз чунин фарзанди баруманди миллати хеш, ҳамзамон бори дигар ба осору эҷоди оламшумули ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, дилбохтагони илму адаб ба мутолиаи асарҳои мондагораш рӯ меоваранд ва ашхоси огоҳ шахсияти ӯро барои насли ҷавони кишвар бештар муаррифӣ менамоянд.

Барҳақ, акнун замоне фаро расидааст, ки мо ба оламиён бори дигар нишон бидиҳем, ки миллати тоҷик ҳанӯз даҳҳо қарн пеш дорои чунин фарзандони баруманд ва оламгир дошт.

Дар ҳамин замина, таъкид гардид, ки дар ин роҳи пуршараф, бояд пеш аз ҳама табибон, ки пайрав ва идомабахши кору фаъолият ва меросбари чунин нобиғаи оламшумул ҳастанд, аз ҳар вақти дигар масъулият эҳсос намоянд.

Дар воқеъ, агар ба дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар дар давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ назар афканем, аён мегардад, ки дар ин давра баҳри рушди соҳа таҳаввулоти чашмрас ба миён омадааст.

Айни ҳол дар кишвар баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ду донишгоҳ, се донишкада ва 36 коллеҷҳои тиббии давлативу хусусӣ фаъолият менамоянд.

Ба ҳолати имрӯза дар муассисаҳои тиббии кишвар 92 адад дастгоҳҳои томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ мавҷуд буда, ҳамзамон дар ҷумҳурӣ 73 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, зиёда аз 201 адад дастгоҳи рентгении рақамӣ, зиёда аз 58 адад дастгоҳи поксозии хун (гемодиализ), 16 адад дастгоҳ барои майда кардани санги гурда (литотриптор), 11 адад дастгоҳи рентгенӣ барои ташхиси ғадуди ширӣ (маммограф), 11 адад таҷҳизоти ташхиси нурии дилу рагҳо (ангиограф), 15 адад дастгоҳи ташхисиву табобатӣ дар самти бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ (ЛОР-комбайн), 100 адад нуқтаи тавлиди оксиген ва дигар таҷҳизоти муосир фаъолият доранд.

Мусаллам аст, ки пешрафти соҳаи тандурустӣ ба маблағгузорӣ вобастагии зиёд дорад. Дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ворид намудани шаклҳои нави маблағгузории ба замони муосир мутобиқгашта самти афзалиятноки соҳа эълон шудааст.

Махсусан, агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ҳоло дар кишвар шумораи муассисаҳои тиббӣ ба 5254 адад расидааст.

Танҳо давоми 6 моҳи аввали соли 2025 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирии кишвар бо таҷҳизотҳои тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 43 188 929 сомонӣ таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, дастгоҳи рентгении рақамӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи СИПАП, мебел ва молҳои тиббӣ катҳои функсионалӣ бо матрас, мизи акушерӣ, дору, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии беморхонагӣ ва сайёр, мизи ҷарроҳӣ, ва ғайра дастрас карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти соҳа низ дар ин самт идома ёфта, дар умум 39 навгониҳо, аз ҷумла дар самти ташхис 7 ва дар самти табобат 32 адад усулҳои ҷадид дар амал ҷорӣ гаштанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ ба рушди тибби хусусӣ низ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар натиҷа соҳа ба таври чашмрас пешрафт намуд.

Масалан, агар то соли 2012 дар кишвар зиёда аз 500 адад муассисаи тиббии хусусӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонид, ба ҳолати имрӯза ин рақам 900 ададро ташкил медиҳад ва айни ҳол муассисаҳои тиббии хусусӣ дорои 7581 кати табобатӣ мебошанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар доираи фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тақвият бахшида шуда, бо мақсади таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ-3 адад лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки аз ин шумора 2 қонун қабул шуд. Инчунин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ин шумора 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Дар баробари ин, дар давраи мазкур аз ҳисоби маблағҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва аз ҳисоби маблағҳои хусусии соҳибкорон дар мамлакат 30 адад муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла 27 адад КАТС ва 2 адад муассисаҳои госпиталӣ ва 1 адад муассисаи хусусӣ сохта шуда, дар 115 адад муассисаҳои соҳа, аз ҷумла 74 адад КАТС, 33 адад госпиталӣ ва 8 адад хусусӣ сохтмон идома дорад.

Ҳамзамон, дар ин муддат дар 55 адад муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла 45 адад КАТС ва 10 адад госпиталӣ таъмири асосӣ гузаронида шуда, дар 112 адад муассисаҳои соҳа, аз ҷумла 59 КАТС, 45 адад госпиталӣ ва 8 адад муассисаҳи хусусӣ таъмири асосӣ идома ёфта истодааст.

Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

То ба ҳолати шашмоҳаи аввали соли 2025 дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 22150 нафар табиб ва 63783 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2,4 ва 2,0 % зиёд мебошад.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисон, айни ҳол дар мамлакат “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030” ва нақшаи амалисозии барномаи мазкур бомуваффақият амалӣ гардида истодааст.

Дар ин муддат 192 нафар мутахассисони ватанӣ дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар барои гузаштани курсҳои омӯзишӣ ва ба зинаи аспирантура, докторантура, коромӯзӣ, гузаштани марҳилаи ординатураи клиникӣ аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» (22 нафар) фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта (187 нафар) 5 нафар зиёд мебошад.

Дар шӯроҳои диссертатсионии фаъолият дошта 50 рисолаҳои номзадӣ ва 8 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 1 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ зиёд мебошад.

Ҷамолиддин Абдуллозода бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат қайд намуд, ки маҳз зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи тандурустии мамлакат давоми солҳои охир тавонистанд бо ҷорӣ намудани як қатор усулҳои нави ташхис ва табобат сатҳи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.

Баъдан, меҳмонони чорабинии идона низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи тандурустии мамлкатро ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон табрику шодбош намуданд.

Дар идомаи чорабинии идона тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони хизматнишондодаи соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта идомабахши чорабинии идона буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search