Дар Иордания оид ба масъалаҳои тандурустии минтақавӣ ва байналмилалӣ семинари дурӯза доир гашт

Дар шаҳри Аммани кишвари Иордания оид баррасии масъалаҳои тандурустии минтақавӣ ва байналмилалӣ семинари минтақавии дурӯза дар доираи саломатии глобалии “Wellcome Trust” баргузор гашт, ки дар он коршиноси шуъбаи таҳлили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Ғафур Муҳсинзода, мудири кафедраи тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Ҷӯраева Наргис ва иҷрокунандаи вазифаи дотсент PhD, кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ин семинари минтақавӣ намояндагони 35 давлати ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони муассисаҳои асосии миллӣ, мутахассисони соҳа ва шарикони байналмилалӣ ширкат варзида, доир ба масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни чорабинӣ масъалаҳои шабакаи тандурустии ҷамъиятӣ (EMPHNET)-ро баррасӣ ва мувофиқа намуда, инчунин нақшаҳо ва муҳлати марбут ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳоди ҳисоботҳоро оиди самти афзалиятноки нақшаи амал яъне, арзёбии таҷрибаи ҷории минтақа дар соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ, идоракунӣ ва маблағгузорӣ, нишон додани ҷиҳатҳои қавӣ, камбудиҳо ва мушкилот ва дигар самтҳои афзалиятнокро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон як қатор масъалаҳои дигар, аз қабили хусусиятҳои асосии меъмории муассири глобалии тандурустӣ (нақшҳо, сохторҳо, афзалиятҳо), таҳияи тавсияҳо ва қадамҳои амалӣ, аз ҷумла ислоҳоти афзалиятнок, муайян кардани минтақаҳои ҳамоҳангӣ ва тафовут бо ҳадаф, таҳияи пешниҳодҳои аз ҷиҳати минтақавӣ тасдиқшуда барои огоҳ кардани ислоҳоти тандурустӣ ва ғайра низ дар рафти семинари минтақавӣ аз ҷониби иштирокчиён таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур бо намояндагони Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо шуъбаи таҳлилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил гаштан ба минтақаи кишварҳои Шарқи Миёна ва Осиёи Миёна (МЕСА) вобаста ба масъалаҳои рушди тандурустии ҷамъиятӣ гуфтушунид гузаронида шуда, тарафҳо барои ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ баён доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search