Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Санаи 17-уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, масъулини соҳаи тандурустии шаҳр, доираи васеи кормандони соҳа ва сокинони шаҳрак  ширкат варзиданд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, бинои Маркази саломатии шаҳраки Курушкада солҳои тулонӣ дар ҷойи номутобиқ қарор дошт ва ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуд.

Аз ин рӯ, аҳолӣ ва соҳибкорони шаҳраки мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру  ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳтар кардани шароиту имконоти муосид дар самти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии аввалияи тиббӣ бинои нави Маркази саломатии шаҳраки Курушкадаро сохта  ба истифода диҳанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти нави тандурустӣ соли 2019  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он бо тарҳи зебо ва ҷавобгу ба талаботи муосир ба истифода дода шуд.

Дар Маркази саломатии шаҳраки Курушкада 6 нафар кормандони тиб, аз ҷумла  1 нафар табиби оилавӣ ва 5  нафар ҳамшираи тибби оилавӣ  ба 5 ҳазору  42 нафар аҳолии шаҳрак кумаки аввалияи тиббӣ мерасонанд.

Дар маросими ба истифода додани иншооти навбунёди тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба нафароне, ки дар бунёди бинои нави Маркази саломатии мазкур саҳм гузоштанд, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён кард.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки маҳз ташаббус ва иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боис бар он гардидаанд, ки сокинон ва соҳибкорони баҳиммат ва ватандӯсти кишвар низ дар ин иқдоми созанда саҳми хешро гузоранд.

Номбурда ба истифода додани чунин иншооти муосири тиббиро ба сокинони шаҳрак табрик гуфта, аз кормандони соҳа даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона созанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search