Дар шаҳри Ваҳдат Маркази саломатии деҳоти “Симиганҷ” ба истифода дода шуд

Имрӯз, 17-уми июни соли равон дар арафаи ҷашни 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Маркази саломатии деҳоти “Симиганҷ”-и ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат пас аз таъмири капиталӣ ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, директори Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабине Олтхоф ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки иншооти тандурустӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳарчи бештар дастрасӣ пайдо намудани аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, аз ҷумла кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо ҷалби шарикон оид ба рушд бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгу ба талабот аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст.

Маркази саломатии мазкур ба наздики ҳафтуним ҳазор нафар аҳолии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат хизмати тиббӣ расонида, он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст ва аз 11 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни ифтитоҳи муассисаи тандурустӣ аз номи роҳбарияти вазорат кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдатро ба муносибати соҳиби чунин бинои хуштарҳу замонавӣ гаштанашон табрик гуфта, дар арафаи ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода додани онро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ҷамоат ва кормандони соҳа арзёбӣ кард.

Дар навбати худ, номбурда аз кормандони ин муассисаи тандурустӣ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ равона созанд.

Маврид ба зикр аст, ки баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат 115 адад муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла 1 адад Маркази саломатии шаҳрӣ, 30 адад Маркази саломатии деҳот, 83 адад Бунгоҳи тиббӣ ва 1 адад Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ фаъолият намуда истодаанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search