Дар шаҳри Ваҳдат вобаста ба баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳа ҷаласаи корӣ доир шуд

Тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ имрӯз, 26-уми феврали соли равон дар Маркази саломатии шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, директори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, роҳбарият ва кормандони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри мазкур иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсади баргузории чорабинӣ андешаронӣ кард.

Баъдан, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ба самъи ҳозирин расонида шуданд.

Дар ҷаласа ба масъалаҳои рафти маъракаи иммунизатсия дар шаҳри Ваҳдат, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи саломатии аҳолӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллии дар пеш истода ва ғайра таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Абдухолиқ Амирзода ба масъулини соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гашт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search