Дар Тоҷикистон аввалин маротиба ба гирифтори бемории реши рудаи дувоздаҳангушта амалиёти ҷарроҳии буриши 3/2 ҳиссаи меъда тариқи лапораскопӣ бо усули РУ муваффақона гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” бори аввал дар Тоҷикистон ба як нафар гирифтори бемории реши рудаи дувоздаҳангушта ба тариқи лапароскопи буриши аз 3/2 ҳиссаи меъда бо усули РУ бомуваффақият анҷом дода шуд.

Ба иттилои мудири шуъбаи ҷарроҳии маркази мазкур, номзади илмҳои тиб Раҳмонзода Қурбоналӣ Раҳмон, бемор сокини 59 солаи шаҳри Душанбе муддати қариб 20 сол гирифтори бемории реши рудаи дувоздаҳангушта буд, ки ин ҳолат боиси танг шудани мавзеъи гузариши меъда ба рудаи дувоздаҳангушта гашта, дар натиҷа хурокҳои истеъмолгардида дар меъда боқӣ монда ва гузариш ба рудаи дувоздаҳангушта ғайриимкон гардида буд. Дар натиҷаи ин ҳолат хурокҳои истеъмолкардаи бемор дар меъда бозистода ва боиси ҳазм нагаштани он мегардид.

Дар баробари ин, ҳолати мазкур дар якчанд моҳи охир боиси қайкунии доимӣ ва харобшавии бемор гардида, вазъи саломатии беморро ногувор гардонид.

Пас аз бистарӣ намудан ва дақиқ кардани ташхиси реши пиёзаки рудаи дувоздаҳангушта бо оризаи пилоростенози ғайриҷубронӣ (декомпенсированный пилоростеноз) дар бемор, мутахассисони муассисаи мазкур ба хулоса омаданд, ки барои бартараф намудани ин мушкилот бояд амалиёти ҷарроҳии буриши меъда гузаронида шавад.

Ҳамин тавр, ба бемор аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии буриши аз 3/2 ҳиссаи меъда бо гузоштани гастроэнтероанастамоз бо усули РУ ба тариқи лапароскопӣ бомуваффақият анҷом дода шуд,

Тавре мудири шуъбаи ҷарроҳии муассисаи болозикр, номзади илмҳои тиб Раҳмонзода Қурбоналӣ Раҳмон иброз медорад, қаблан чунин ҷарроҳиҳо дар кишвар, аз он ҷумла дар Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ба таври анъанавӣ, яъне ба таври кушода бо буриши ҷисми бемор анҷом дода мешуданд. Инак, маротибаи аввал аст, ки чунин беморон ба тариқи лапароскопи ва бо усули РУ гузаронида мешаванд.

Хушбахтона, амалиёти ҷарроҳӣ хуб гузашта, пас аз 8 рӯзи бистарӣ баъди ҷарроҳӣ бемор ба хонааш рухсат дода шуд.

Дастоварди навбатии табибони Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо дар мамлакат баҳри ташхису табобати беморон бо усулҳои муосир тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда фароҳам оварда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба интиқоли бехатараии моддаҳои сироятӣ барои мутахассисони озмоишгоҳҳо даври омӯзишӣ доир гашт

Чӣ гуна метавон худро аз гармии ҳаво эмин нигоҳ дошт? Дар ин бора ба шаҳрвандон якчанд тавсияҳо пешниҳод мегардад

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ибни Сино-табиби бузург ва мутафаккир дар ҳар замон

Ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Нақши аудити ҳолатҳои буҳронӣ барои беҳтар намудани сифати ёрӣ ба модарони гирифтори хунравиҳои акушерӣ ва преэкламсияҳои вазнин”

Пешгирии саратон осонтар аз дармон аст

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译