Дар як қатор таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ мегардад

22-юми феврали соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вобаста ба ҷорӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаи вилоятӣ, таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд, таваллудхонаҳои шаҳрҳои Бӯстон,  Гулистон, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен барои мутахассисоне, ки дар таваллудхонаҳо дар самти қайди таваллуд ва фавт фаъолият мекунанд, даври омӯзишӣ  гузаронида шуд.

Дар даври омузишӣ директори Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Манучеҳр Шамсуллозода ва мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ Манучеҳри Асомиддин ба иштирокчиён оид ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳу усулҳои амалӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа маълумот пешниҳод карданд.

Тавре зикр гардид, системаи электронии сабти таваллуд ва фавт яке аз унсурҳои муҳими раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки барои беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст. Ин система на танҳо ба таври автоматикӣ сабти рӯйдодҳоро таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки иттилооти мукаммал дар бораи шароити таваллуд ва сабабҳои фавт дастрас гардад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи маҷозии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар соҳаи гематология доир гашт

Ню Йорк. Иштирок ҳайати вазорат дар иҷросияи 69-уми Комиссия оид ба мақоми занони СММ

Корҳои ободонӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафир ва ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Боздид аз Хона интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор

Ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе

Search