ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ), бо ҳамкории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ, татбиқи грантҳо дар самти бемориҳои ВНМО ва силро амалӣ мекунад, ки барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва сил дар кишвар тавассути мудохилаҳои асоснок, беҳтар кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои пешгирӣ, ташхис, табобат ва нигоҳубин, тақвияти системаҳои тандурустӣ ва дастгирии аҳолии осебпазир ва калидӣ равона шудаанд.

Лоиҳа тибқи Созишнома байни БРСММ, ки ҳамчун гирандаи асосии грантҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон амал мекунад ва ВТҲИА ҶТ амалӣ карда мешавад.

Дар ин замина, ВТҲИА номзадҳои соҳибихтисосро барои дастгирии татбиқи самараноки грантҳои Хазинаи Глобалӣ даъват мекунад.

  1. Сармутахассиси молиявӣ
  2. Сурмутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ
  3. Сармутахассис оид ба харид ва идоракунии занҷираи таъминот

Барои маълумоти бештар, лутфан ба пайванди зерин муроҷиат намоед:

https://drive.google.com/drive/folders/1AFhWxekSTNJvRAPmx0h2_tKADkLFfAMQ

Суроға: шаҳри Душанбе к. Шевченко 69

Почтаи электронӣ: karimzodaemomad@gmail.com , нусха ibandaev@list.ru

Мӯҳлати охирини пешниҳоди резюмеҳо 11 августи  соли 2026, соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram