Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ ба масъалаҳои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ ба ин қишри ҷомеа тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ намуда истодааст.

Барои шиносоии бештар пайдо кардан бо фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зерсохторҳои он дар соли 2024 бо директори Агентии мазкур Холзода Абдулҳаким Қувват суҳбате оростем, ки  мухтасари онро манзури хонандагон мегардонем:

– Муҳтарам Абдулҳаким Қувват, нахуст мехостем доир ба вазъи кунунии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар каме маълумот медодед!?

– Ташаккур барои чунин саволи бамаврид. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо дар доираи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар  зина ба зина рушду пешрафт намуда истодааст.

Айни ҳол дар кишвари азизи мо тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ баҳри рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳайё гардида, инчунин дар соҳа як қатор стратегия ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд, ки “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Метавон гуфт, ки таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани стратегияи мазкур дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷассумгари фаъолияти созандаву инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Дар маҷмӯъ, айни ҳол дар муассисаҳои зерсохтори Агентии давлати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои бошандагон тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

– Дар сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чӣ қадар муассиса мавҷуд аст?

– Нахуст мехоҳам қайд намоям, ки Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кори худро  дар партави дастуру супоришҳои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри  соли 2023 баёнгардида ва дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  марбут ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стратегияву барномаҳои амалкунанда ба роҳ монда, дар робита ба иҷрои супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома, Нақшаи кории Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентӣ дар  соли 2024 як қатор корҳои назаррасеро ба анҷом расонид.

Айни замон дар номгуи муассисаҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 11 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ (хона-интернатҳо) ва 3 истироҳатгоҳу 1 осоишгоҳ, 43 адад марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ шомил мебошанд.

Ҳамзамон, тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 58 адад марказҳои хизматрасонӣ  фаъолият доранд, ки  аз тарафи  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  таъсис дода шудаанд.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Агентӣ барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва малакаи кории онҳо Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ таҳия ва ба имзо расонида шуда, ҳафтае як маротиба дарсҳои бозомӯзӣ дар мавзуъҳои гуногуни аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дошта  гузаронида мешаванд, ки дар ин машғулиятҳо  мавзӯи маърифати ҳуқуқӣ ба таври доимӣ мавриди тарғибу ташвиқ, омӯзиш ва фаҳмондадиҳӣ қарор дода мешавад.

– Давоми соли 2024 вобаста ба ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

Қайд кардан бамаврид аст, ки ба ҳолати 29 декабри соли 2024 дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1305  нафар бошандагон, аз ҷумла 732 нафар мард, 498  нафар зан ва аз инҳо 75 нафарашон кўдакони маъюб қарор доранд.

Ҳамзамон  соли ҷорӣ 75 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонида  шуданд.

 Ба бошандагони муассисаҳои будубоши доимии зерсохтори Агентӣ  713  нафар кормандон хизмат мерасонанд, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ” 5 намуди хизматрасониҳои иҷтимоиро ба бошандагон пешниҳод менамоянд.

Инчунин, бо мақсади ба иҷро расонидани супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби бошандагони хона-интернатҳо  ба китобхонӣ эътибори махсус дода шудааст. Дар ҳамаи хона-интернатҳо ва истироҳатгоҳҳову осоишгоҳи зерсохтори Агентӣ китобхонаҳо мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо барои мутолиаи бошандагон 24235 адад китобҳои бадеӣ мавҷуд буда, дар онҳо пайваста чорабиниҳои маърифатӣ  баргузор мегарданд.

– Фаъолият дар самти муассисаҳои будубоши муваққатӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

-Ба ҳолати имрӯза дар миқёси ҷумҳурӣ 43 адад марказҳо ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки 809 нафар кормандон давоми соли 2024 ба 5453  нафар, ки аз инҳо 4557 нафар пиронсолону маъюбон ва 896 нафар кўдакони имконияташон маҳдуд мебошанд,  хизматҳои  иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расонидаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои нафақахӯрону пиронсолону маъюбон фаъолият доранд, ки 243  нафар кормандони маъмурию иҷтимоии ин муассисаҳо давоми соли 2024  ба 999 нафар, аз ҷумла  ба 938 нафар пиронсолону маъюбон ва 61 нафар кўдакони имконияташон маҳдуд хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, маърифативу фарҳангӣ, миёнаравию намояндагӣ  ва ҳуқуқӣ, ки бо ҳам алоқаманд мебошанд, расонидаанд. Айни ҳол дар марказҳои минтақавии болозикр 81 нафар эҳтиёҷмандон муваққатан умр ба сар бурда, бо се вақт бо хўроки гарм таъминанд.

Давоми соли 2024 аз тарафи 58 адад марказҳои тариқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ фаъолияткунанда ба 8239 нафар кудакони имконияташон маҳдуд, шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, шахсони мубталои бемории сил, ВНМО ва пиронсолону маъюбон хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонидаанд.

– Яъне ба роҳ мондани марказҳои хизмтарасонии иҷтимоӣ натиҷаҳои назаррас дод?

– Бале,  бо истифода аз механизми фармоиши иҷтимоии давлатӣ ташкил намудани марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ чунин натиҷаҳо ба даст омадаанд:

– талаботи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба васеъ намудани муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва суроғавӣ пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоӣ таъмин гардид;

– ҳуқуқу кафолатҳои пешбинишуда ба категорияҳои осебпазир дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар 53 шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст амалӣ гардид;

– тавонбахшии категорияҳои осебпазир, махсусан кӯдакони имконияташон маҳдуд дар сатҳи маҳал таъмин гардида, қобилиятҳои аз даст додаи онҳо барқарор гардида истодаанд;

– бо таъсис ёфтани марказҳо ҷойҳои кории нав ташкил гардиданд;

– волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд вобаста ба пешниҳоди тавонбахшии кӯдакон дар шароити хона омӯзонида шуда истодаанд;

кӯдакони маъюб барои таҳсил омода гардида, ба мактабҳо фиристода шуда, касбомӯзии кӯдакони маъюб таъмин мегардад.

Таъсиси марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз рӯи моделҳои барои кӯдакони дорои аутизм, қурбониёни савдои одамон, ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, кӯдакони осебпазир, пиронсолони яккаву танҳо  нишон дод, ки ин иқдом амали саривақтӣ  буда, эҳтиёҷоти ин гуна категорияҳои осебпазирро қонеъ гардонида истодааст.

Дар умум аз хизматрасонии ин шабакаҳо 14691 нафар ниёзмандон истифода намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1273 нафар зиёд мебошад.

Дар самти кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ  ва кумакҳои яквақтаина ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат дар давраи ҳисоботӣ чӣ корҳо ба сомон расонида шуданд?

– Сараввал қайд менамоем, ки дар  аввали соли 2024 вобаста ба иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақшаи маблағгузорӣ ва фарогирии оилаҳои камбизоат барои соли 2024 ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол гардида, хоҳиш карда шуд, ки  ҷиҳати таъмини иҷрои он мусоидат намоянд.

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат  як қатор санадҳои дохилиидоравӣ,  аз ҷумла 4 январи соли 2024 “Дастурамали  вазифавии  нозир – коргузорон дар бахшҳои  ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”-ро ва  2 феврали соли 2024 “Китоби  қабули парвандаҳои иҷтимоии инфиродии шаҳрвандони муроҷиаткунанда барои таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ”-ро  таҳия намуда, тасдиқ намуд.

 Ҳамзамон, Агентӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бо варақаҳои зарурӣ  аз рӯи  дархост ба таври ройгон  таъмин намуда, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таъмини муроҷиати шаҳрвандон  барои кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ 72 950 нусха бланка (ариза дар бораи таъин намудани  кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи муроҷиаткунанда, маълумот дар бораи  даромад ва молу амволи  ҳамаи аъзои оила) ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт фаъолияткунанда дастрас намуд.

Аз 1 январи соли 2024 кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат аз руи 10 нишондиҳанда пардохт шуда, ҳаҷми маблағи он дар муддати 12 моҳ дар маҷмӯъ 720,00 сомониро ташкил медиҳад. Кумакпулии мазкур ҳар се моҳ ба оилаи камбизоат дар ҳаҷми 180,00 сомонӣ пардохт шуда, барои ҳар як кудаки то синни 16 сола аз оилаи камбизоат кумакпулӣ аз руи 1 нишондиҳанда ва ҳар се моҳ 25 фоизи андозаи муқарраргардида пардохт гардид. Яъне ба ҳар як кудаки то синни 16 сола кумакпулӣ ҳар се моҳ дар ҳаҷми 18,00 сомонӣ расонида шуд.

Қайд намудан зарур аст, ки  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 «Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  аз эътибор соқит гардида, тибқи қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2024 барои ҳар як кўдак як  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои як оилаи камбизоат, ки ду ва ё зиёда шахси маъюб дошта, дар муассисаҳои хизматрасонии  иҷтимоӣ ё мактаб – интернат  фаро гирифта нашудаанд, ду  нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҳар семоҳа  ба андозаи  25 дарсади андозаи  муқарраршуда пардохт карда мешавад.

Нақшаи фарогирии оилаҳои камбизоат барои соли 2024,  234313 оила ва кудакони то синни 16 сола аз ин оилаҳо 702939 нафар буда, ба ҳолати 29 декабри соли 2024, шумораи гирандагони кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ бо назардошти гирандагони кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар  соли гузашта  195341 оиларо ташкил медиҳад, ки 12,1 фоиз мебошад.

– Вазъи расонидани кумакпулии яквақтаина дар ҳаҷми  600,00 сомонӣ ба оилаҳои камбизоат дар кадом сатҳ қарор дорад?

– Расонидани кумакпулии яквақтаина ба оилаҳои камбизоат тибқи Созишномаи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, ки 30 июни соли 2023 ба имзо расонида шудааст, инчунин дар асоси “Дастурамал дар бораи таъин ва пардохти кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ”, ки  аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасдиқ гардидааст,  амалӣ шуда истодааст. Тибқи санадҳои мазкур кумакпулии яквақтаина дар ҳаҷми 600,00 сомонӣ чунин гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ  бояд гиранд:

оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ 3 нафар ё зиёда аз он кўдакони то синни 16-сола доранд;

оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ 2 ва ё зиёда нафар шахсони маъюб  доранд;

 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ шахсони пиронсоли синни аз 65 сола боло доранд.

Дар раванди иҷрои расонидани кумаки яквақта чунин корҳо анҷом дода шуда, дар умум оилаҳои камбизоате, ки ба гирифтани кумаки яквақтаина ҳуқуқ пайдо карданд, 112689 оиларо ташкил доданд. Аз ҷумла, 85874 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ 3 нафар ё зиёда аз он кўдакони то синни 16-сола доранд, 1332 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ 2 ва ё зиёда нафар шахсони маъюб  доранд, 25483 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ шахсони пиронсоли синни аз 65 сола боло доранд.

Дар умум, барои пардохти кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба 112689 оила 67613400,00 сомонӣ маблағгузорӣ гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ соли 2024 аз ҷониби кормандони Агентӣ  корҳои иттилоотонӣ-фаҳмондадиҳӣ оид ба расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, зиёдшавии ҳаҷми кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ва кудакони то синни 16 сола аз ин оилаҳо, кумакҳои яквақтаи иҷтимоӣ тавассути ахбори омма  низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2024 назаррас мебошанд, ки ин ҳама муваффақияту дастовардҳо албатта, самараи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.

– Дар охир ба шумо муҳтарам Абдулҳаким Қувват барои чунин суҳбати ихтисосии пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ баён карда, ба фаъолияти минбаъдаи кориатон барору муваффақият хоҳонем.

– Ташаккур. Роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат тадбирҳои судманд андешида, дар оянда низ дар самти беҳтар ва босифаттар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Суҳбаторо Хусрав Шосаидзода

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Мушкилоти номувофиқатӣ (ғунчоишнопазирӣ)-и таркибот (ингредиент)-ҳо дар шаклҳои доругӣ ва усулҳои бартараф кардани он дар амалияи фарматсевтӣ

Search