Дастоварди навбатии табибони Тоҷикистон. Аввалин маротиба гузоштани стент-графт дар шоҳраги қафаси сина дар як шаҳрванди хориҷӣ

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.

Алиҷон Ғоибзода, доктори илмҳои тиб, профессор, табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” иброз медорад, ки аневризмаи шоҳраг ҳолати варам кардан, дам кардан ё кафидани шоҳраг мебошад. Дар натиҷаи ин ҳолат қисми камонак ва поёнравандаи шоҳраг калон шуда, хавфи кафиданаш ба миён меояд. Агар аневризмаҳо кафанд, бемор ҳатто то амалиётхона нарасида, зуд мефавтад.

Бемор шаҳрванди 65-солаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мустафоқулов Илмомин маҳз бо ташхиси аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ва нишонаҳои нафастангиву фишорбаландӣ ба ин муассиса муроҷиат кард.

Дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ, ки бидуни беҳушкунӣ ва бе буриши бадани бемор ба тариқи сурох кардани раги хунгард аз пойи рост то мавзеи васеъшудаи шоҳраг анҷом ёфт, дар натиҷаи он дар ин мавзеъ стент-графт, яъне рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд, ки ин ҳолат қисмати васеъшудаи шоҳрагро пурра иваз кард.

Дар натиҷа хун аз ҷои сиҳати шоҳраг ба раги сунъӣ гузашта, фишор дар дохили аневризма кам ва хавфи кафидани он аз байн рафт, ки ин ҳолат боис бар он мегардад, то бемор пурра шифо ёбад.

Табибони маркази мазкур иброз медоранд, ки амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият ва бидуни ягон авориз ва хунравӣ анҷом ёфта, ҳоло бемор худро хуб эҳсос намуда, дар дохили ҳуҷра фаъол аст ва озодона роҳ мегардад.

Баъди амалиёти ҷарроҳӣ дар шараёнҳои пойи бемор хунгардӣ хуб ба назар расида, набзи шараёнҳо баръало мушоҳида мешаванд ва ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки раги сунъии гузошташуда хуб фаъолият мекунад.

Тибқи маълумоти табибони ин марказ, ҳоло дар минтақа чунин амалиёти ҷарроҳӣ ба ғайр аз Тоҷикистон танҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ингуна амалиёти ҷарроҳӣ дар дигар қисмҳои шоҳраги беморон, аз ҷумла дар шоҳраги шикам бо ёрии мутахассисони хориҷӣ гузаронида шуда буд. Ҳамакнун дар қисмати шоҳраги қафаси сина ин амалиёти ҷарроҳӣ аз ҷониби табибони ватанӣ мустақилона анҷом дода шуд.

Пас аз гузоштани стент-графт хатари кафидани аневризма пурра бартараф шуда, ин ҳолат имкон медиҳад, ки бемор ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад.

Ба иттилои мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, номзади илмҳои тиб Раҳмонзода Ҷамшед Карим, бемории аневризма яке аз бемориҳои хатарноктарини рагҳои хунгард ба шумор меравад, ки дар байни бемориҳои рагҳои хунгард ҷои аввалро ишғол менамояд: “Аневризма дар тамоми қисматҳои шоҳраги бадани инсон ва рагҳои хунгард метавонад пайдо шавад ва он ду намуд-қалбакӣ ва ҳақиқӣ мебошад. Қалбакӣ дар натиҷаи осебҳо ва ҷароҳатҳо ба вуҷуд омада, ҳақиқӣ-ин модарзодӣ мебошад”,-мегуяд ӯ.

Ба гуфти номбурда, бо фароҳам омадани шароиту имкониятҳои мусоиди ташхису табобат айни ҳол дар маркази мазкур ҷарроҳии ҳама намуди аневризмаҳои шоҳрагӣ бо истифода аз дастгоҳи муосири ангиография, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муассиса дастрас карда шудааст, гузаронида шуда мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram