Даъват барои пешниҳоди изҳори ҳавасмандӣ барои ишғоли вазифаи “Менеҷер оид ба масъалаҳои молиявӣ ва маъмурӣ”

Даъват барои пешниҳоди изҳори ҳавасмандӣ барои ишғоли вазифаи “Менеҷер оид ба масъалаҳои молиявӣ ва маъмурӣ”

09/10/2026

Лоиҳа: Грантҳои Хазинаи глобалӣ оид ба ВНМО ва сил
Ташкилоти иҷрокунанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳалли иҷрои вазифа: ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намуди шартнома: Шартномаи мехнатӣ / Басти пурраи корӣ
Санаи пешбинишудаи оғози кор: то 31 декабри соли 2026 бо имконияти тамдиди муҳлати он дар доираи механизми татбиқ тавассути Гирандаи асосии грант

1. Маълумоти умумӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ) дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ грантҳои марбут ба ВНМО ва силро татбиқ менамояд, ки ҳадафи онҳо коҳиш додани сатҳи паҳншавии ВНМО ва бемории сил дар кишвар тавассути татбиқи чорабиниҳои ба далелҳо асосёфта, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои пешгирӣ, ташхис, табобат ва нигоҳубин, таҳкими низоми тандурустӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ва аҳолии калидӣ мебошад.

Лоиҳа тибқи Созишномаи байни БРСММ, ки ҳамчун Гирандаи асосӣ (Principal Recipient – PR) оид ба грантҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон амал мекунад ва ВТҲИА ҶТ татбиқ карда мешавад.

Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳои соҳибтахассусро барои ишғоли вазифаи Менеҷер оид ба масъалаҳои молиявӣ ва маъмурӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи самараноки грантҳои Хазинаи глобалӣ ба кор даъват менамояд.

 

2. Вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосӣ

Менеҷер оид ба масъалаҳои молиявӣ ва маъмурӣ чор самти асосии фаъолияти лоиҳавиро ба уҳда дорад:

  1. Таъмини роҳбарӣ, назорат, ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии умумии раванди идоракунии молиявӣ, банақшагирии буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳияи ҳисоботҳои молиявии лоиҳа;
  2. Таъмини муҳити самараноки назорати дохилӣ, риояи талаботҳои молиявӣ, идоракунии хавфҳо, омодагӣ ба аудит ва назорати молиявии зергирандагон (Sub-Recipients) ва шарикони иҷрокунанда;
  3. Таъмини ҳамоҳангсозӣ ва назорати умумии вазифаҳои маъмурӣ, амалиётӣ ва идоракунии дороиҳои Гуруҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ);
  4. Идоракунӣ ва такмили иқтидори кормандони соҳаҳои молия, маъмурият ва гузаронидани саривақтии машваратҳои молиявӣ ва амалиётӣ бо роҳбарият ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдор.

 

3. Таҷрибаи касбӣ

  • Ҳадди ақал 7 сол таҷрибаи касбии пайваста дар соҳаи идоракунии молиявӣ, муҳосибӣ, маъмурият, идоракунии грантҳо, аудит ё соҳаҳои дахлдор;
  • Ҳадди ақал доштани 3 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда, идоракунӣ ё вазифаи баланди идоракунии молиявӣ, афзалият дода мешавад;
  • Таҷрибаи идоракунии маблағҳои лоиҳаҳо ё барномаҳои аз ҷониби донорҳо маблағгузоришаванда хело муҳим арзёбӣ мегардад;
  • Таҷрибаи корӣ бо грантҳое, ки аз ҷониби Хазинаи глобалӣ дастгиришаванда ё барномаҳои калони байналмилалии аз ҷониби донорҳо маблағгузоришаванда, бартарии муҳим ба ҳисоб меравад;
  • Таҷрибаи собитшуда дар таҳия ва баҳодиҳии буҷет, банақшагирии молиявӣ ва пешгӯии молиявӣ, таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ, муҳосибавӣ ва муқоисаи ҳисоботҳо, низоми назорати дохилӣ, ҳамоҳангсозии аудит ва идоракунии хавфҳои молиявӣ;
  • Таҷрибаи идоракунӣ ва назорати молиявии зергирандагон (Sub-Recipients), шарикони иҷрокунанда ё гирандагони грантҳо хеле муҳим мебошад;
  • Таҷрибаи корӣ бо сохторҳои алоқаманд ва муассисаҳои молиявии давлатӣ хеле муҳим мебошад;
  • Донишҳои мукаммал оид ба қонунгузории молиявӣ, муҳосибавӣ ва андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таҷрибаи роҳбарӣ ва назорати фаъоляити кормандони соҳаи молия ва/ё маъмурӣ;
  • Таҷрибаи кофӣ оид ба истифодаи барномаҳои Microsoft Office, махсусан Microsoft Excel;
  • Таҷрибаи корӣ оид ба истифодабарии барномаҳои муҳосибавӣ, низомҳои иттилоотии идоракунии молиявӣ ва низомҳои электронии ҳисоботдиҳӣ хеле муҳим мебошад.

Малакаҳо ва салоҳиятҳои иловагии касбӣ

  • Қобилияти кофии роҳбарӣ ва идоракунии гуруҳ;
  • Донишҳои амиқ оид ба воситаҳои асосии идоракунии молиявӣ, муҳосибавӣ ва назорати дохилӣ;
  • Малакаҳои кофӣ оид ба таҳияи буҷет, пешгӯии молиявӣ ва таҳлилҳои молиявӣ;
  • Дарки хуби талаботҳои донорҳо оид ба идоракунии молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
  • Донистани талаботҳои Хазинаи глобалӣ оид ба идоракунии молиявӣ хеле муҳим мебошад;
  • Дарки хуби идоракунии молиявии зергирандагон (SR) ва назорати онҳо дар асоси хавфҳои мавҷуда;
  • Малакаҳои кофӣ дар ҳамоҳангсозии раванди аудит ва идоракунии хавфҳои молиявӣ;
  • Малакаҳои кофии ташкилотчигӣ ва идоракунии тамоми амалиётҳои молиявӣ ва маъмурӣ;
  • Қобилияти корӣ оид ба таҳлили маълумотҳои мураккаби молиявӣ ва пешниҳоди тавсияҳои мушаххас ба роҳбарият;
  • Қобилияти дар як вақт идоракунии якчанд вазифаҳои корӣ ва риояи қатъии муҳлатҳои пешниҳоди ҳисоботҳо;
  • Малакаҳои қавии муошират, гуфтушунид ва ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор;
  • Дорои хислатҳои баланди инсонӣ, сатҳи баланди касбият ва додани диққати ҷиддӣ ба ҷузъиётҳои корӣ.

4.Талаботи забондонӣ

  • Забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русиро озодона донистан.

 

5. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо

Номзадҳои ҳавасманд ва соҳибтахассус бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • Тарҷумаи ҳол (CV);
  • Номаи ҳавасмандӣ (Cover Letter).

Ҳуҷҷатҳои номзадҳо бояд ба суроғаҳои зерин ирсол карда шаванд:

rahmatulloeva.kh@gmail.com ва ibandaev@list.ru пешниҳод карда шаванд.

Суроғаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
кӯчаи Шевченко 69, шаҳри Душанбе.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 22 октябри соли 2026, то соати 09:00 бо вақти маҳаллӣ.

Танҳо бо номзадҳое, ки ба рӯйхати кутоҳ дохил карда мешаванд, тамос гирифта мешавад.

ВТҲИА ҶТ ҳуқуқ дорад ҳама ё як қисми дархостҳои пешниҳодшударо бидуни шарҳи сабабҳо рад намояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram