Даъват барои пешниҳоди изҳори ҳавасмандӣ барои ишғоли вазифаи “Мутахассис оид ба масъалаҳои харид”

Даъват барои пешниҳоди изҳори ҳавасмандӣ барои ишғоли вазифаи “Мутахассис оид ба масъалаҳои харид”

09/10/2026

Лоиҳа: Грантҳои Хазинаи глобалӣ оид ба ВНМО ва сил
Ташкилоти иҷрокунанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳалли иҷрои вазифа: ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намуди шартнома: Шартномаи мехнатӣ / Басти пурраи корӣ
Санаи пешбинишудаи оғози кор: 1 ноябри соли 2026, бо давраи санҷишии се моҳ

1. Маълумоти умумӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ) дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ грантҳои марбут ба ВНМО ва силро татбиқ менамояд, ки ҳадафи онҳо коҳиш додани сатҳи паҳншавии ВНМО ва бемории сил дар кишвар тавассути татбиқи чорабиниҳои ба далелҳо асосёфта, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои пешгирӣ, ташхис, табобат ва нигоҳубин, таҳкими низоми тандурустӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ва аҳолии калидӣ мебошад.

Лоиҳа тибқи Созишномаи байни БРСММ, ки ҳамчун Гирандаи асосӣ (Principal Recipient – PR) оид ба грантҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон амал мекунад ва ВТҲИА ҶТ татбиқ карда мешавад.

Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳои соҳибтахассусро барои ишғоли вазифаи Мутахассис оид ба масъалаҳои харид ҷиҳати мусоидат ба татбиқи самараноки грантҳои Хазинаи глобалӣ ба кор даъват менамояд.

 

2. Вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосӣ

  • Мусоидат дар таҳияи нақшаҳои харид;
  • Идоракунии равандҳои харид;
  • Мусоидат дар идоракунии тендерҳо ва арзёбии пешниҳодҳо;
  • Идоракунии шартномаҳо;
  • Ҳамоҳангсозӣ бо таъминкунандагон;
  • Таҳия, нигоҳдорӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатҳои харид;
  • Мониторинг ва пешниҳоди ҳисобот оид ба равандҳои харид;
  • Ҳамоҳангсозӣ бо фаъолияти логистикӣ ва анбор;
  • Риояи талабот ва идоракунии хавфҳо;
  • Иштирок дар кумитаҳо ва вохӯриҳо.

 

3. Таҷрибаи касбӣ

  • Ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи кории касбӣ дар соҳаи харид ё идоракунии занҷираи таъминот;
  • Таҷрибаи корӣ дар самтҳои зерин:
    • лоиҳаҳое, ки аз ҷониби донорҳо маблағгузорӣ мешаванд;
    • низоми хариди давлатӣ;
    • тартиботи байналмилалии харид;
  • Таҷрибаи кор бо низомҳои хариди Хазинаи глобалӣ, БРСММ (UNDP) ё дигар донорҳои байналмилалӣ бартарии ҷиддӣ ба ҳисоб меравад;
  • Таҷрибаи таҳияи ҳуҷҷатҳои харид ва идоракунии расмиёти тендерӣ ҳатмӣ мебошад.

 

4. Салоҳиятҳои техникӣ

Дониши амиқ дар соҳаҳои зерин:

  • тартиботи харид ва равандҳои гузаронидани тендерҳо;
  • идоракунии шартномаҳо;
  • стандартҳои таҳия ва пешбурди ҳуҷҷатҳои харид;
  • талаботи донорҳо дар соҳаи харид;
  • банақшагирӣ ва мониторинги равандҳои харид;
  • истифодаи барномаҳои Microsoft Office ва пойгоҳҳои иттилоотии харид.

 

5. Талаботи забонӣ

  • Донистани озодонаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ мебошад;
  • Донистани забони англисӣ дар сатҳи корӣ бартарӣ ба ҳисоб меравад.

 

6. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо

Номзадҳои ҳавасманд ва соҳибтахассус бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • Тарҷумаи ҳол (CV);
  • Номаи ҳавасмандӣ (Cover Letter).

Ҳуҷҷатҳои номзадҳо бояд ба суроғаи зерин ирсол карда шаванд:

rahmatulloeva.kh@gmail.com  бо ирсоли нусха ба ibandaev@list.ru пешниҳод карда шаванд.

Суроғаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
кӯчаи Шевченко 69, шаҳри Душанбе.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 22 октябри соли 2026, то соати 09:00 бо вақти маҳаллӣ.

Танҳо бо номзадҳое, ки ба рӯйхати кӯтоҳ дохил карда мешаванд, тамос гирифта мешавад.

ВТҲИА ҶТ ҳуқуқ дорад ҳама ё як қисми дархостҳои пешниҳодшударо бидуни шарҳи сабабҳо рад намояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram