Имрӯз, 23-юми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам дар Љумњурии Тољикистон конфронси миллӣ доир гашт, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, мутахассисон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва коршиносони соҳаи кишвар ширкат варзиданд.
Конфронси мазкурро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинии мазкур андешаронӣ кард.
Дар ин замина, қайд карда шуд, конфронси мазкур бо мақсади омодагӣ ба маъракаи ваксинатсия бар зидди папилломаи одам дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.
Гуфта шуд, ки бо мақсади амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 24 июли соли 2025, № 408 тасдиқ карда шудааст, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва маориф вобаста самаранокию фоидабахшии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам, воридкунии он ба Тақвими миллии иммунизатсия, инчунин баргузории чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди ин сироят байни гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат бо иштироки мутахассисони соҳаи иммунопрофилактика ва ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки ваксинаи мазкур дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10 сола ва дар соли аввали ворид намоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14 сола тавсия дода мешавад. Сабаби фарогирии синну соли мазкур дар он аст, ки дар ин давра иммунизатсия хеле самарбахш буда, ҷавоби иммунии қавиро таъмин месозад.
Маврид ба зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таи чанд соли охир тамоми чораҳоро ҷиҳати ворид намудани иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам андешид ва имрӯз ба қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон низ имконияти таъмин намудани дастрасии занон ба ин ваксина фароҳам гардид.