Душанбе: корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба пешгири бемории фарбеҳӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахасиссони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар нуқтаҳои тезтайёр оид ба талаботҳои қоида ва меъёрҳои санитарӣ, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ, омода ва нигоҳдори намудани хӯрок ва маҳсулотҳои ғизоӣ, гузарнидани чорабиниҳои безараргардонӣ, пешгирии ҳама намуди бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар фасли гармо чорабинии фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинӣ аз ҷониби мутахасиссони соҳа ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе вобаста ба баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва таъмини зиндагии солимии шаҳрвандон маслиҳату машваратҳо дода шуда, инчунин варақаҳои иттилоотӣ низ тақсим карда шуд.

Ба шаҳрвандон расонида шуд, ки хӯрок яке аз муҳимтарин омилҳои муайянкунандаи саломатии инсон мебошад. Истеъмоли ғизои солим инкишофи насли наврасро таъмин намуда, ба пешгирии ҳама гуна беморҳо, дароз намудани умри инсон, баланд бардоштани қобиляти ҷисмонӣ, корӣ ва зеҳнӣ мусоидат намуда, масунияти бадани инсонро низ беҳтар месозад.

Қайд кардан зарур аст, ки ғизои носолим ва нодуруст мубодилаи моддаҳо, алалхусус мубодилаи чарбу ва намакҳоро вайрон карда, дар натиҷа фарбеҳии бадан, бемориҳои ҷигар ва талхадон, ғадуди зери меъда, бемориҳои санги гурда, пешобдон ва ба дигар бемориҳои узвҳои ҳозима оварда мерасонад.

Дар маҷмӯъ, зимни суҳбату вохуриҳо бо сокинон аз ҷониби мутахассисони соҳа доир ба пешгирии бемориҳои фарбеҳӣ, истеъмоли дурусти ғизо, машғул шудан ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва манфиати пиёдагардӣ ба саломатии инсон маълумотҳои муфид пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search