Эълон барои гузаронидани Озмун оид ба иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи сархати якуми банди 6 Низомномаи Агентӣ, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2025, №13-13.2-503, мутобиқи Низомномаи намунавӣ дар бораи гузаронидани Озмун оид ба иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №230 тасдиқ шудааст, Озмун оид ба иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эълон менамояд.

1. Мақсади Озмун

Мақсади Озмун татбиқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ, афзун намудани самаранокӣ ва натиҷабахшии хизматҳои иҷтимоие, ки ба аҳолии осебпазир расонида мешаванд ва дастгирии ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин амалишавии консепсияву барномаҳои давлатии соҳавӣ тавассути таъсис ва (ё) ташкили фаъолияти марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад.

2. Мавзӯи фармоиши иҷтимоии давлатӣ

Мавзӯъҳои эҳтиёҷоти иҷтимоии давлатӣ оид ба ташкили фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар шакли ҷадвал замима мегардад. Тибқи ҷадвали мазкур мавзуъҳои фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар соли 2026 асосан аз инҳо иборат мебошанд:

  • хизматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандоне, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд;
  • тавонбахшии шахсони дорои маъюбият;
  • дастгирии иҷтимоии пиронсолон, кӯдакон, занон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир;
  • таъсис ва (ё) рушди марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад.

3. Иштирокчиёни Озмун

Дар Озмун ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва ба талаботи Низомномаи намунавӣ ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ ҷавобгӯ мебошанд, иштирок карда метавонанд.

4. Талабот ба иштирокчиёни озмун

Барои иштирок дар Озмун ташкилотҳо бояд варақаи дархост (лоиҳаи иҷтимоӣ) ҷиҳати иштирок дар озмуни кушоди оммавӣ барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ва тавонбахшии шахсони маъюбиятдоштаро пешниҳод намоянд. Шакли намунавии варақаи дархостро аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастрас намудан мумкин аст.

Иштирокчиёни озмун бояд:

  • суратҳисоби бонкӣ дошта бошанд;
  • дар соҳаи мавзуъҳои эълоншудаи озмун таҷрибаи кории на камтар аз яксола дошта бошанд.

Ба номгӯйи ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ, ки барои пешниҳоди иштирокчиёни озмун зарур мебошанд, дохил мешаванд:

  • нусхаи Оиннома (Низомнома)-и ташкилот;
  • нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
  • нусхаи иҷозатнома барои намудҳои фаъолияте, ки ҷиҳати амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст;
  • нусхаи ҳисоботи тавозунӣ аз соли гузашта, ки аз ҷониби мақомоти минтақавии андоз тасдиқ гардидааст ё маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани қарздорӣ аз рӯи пардохтҳо, ки мақомоти минтақавии андоз ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ додаанд;
  • нусхаи дипломи иҷрокунандагони асосии лоиҳа.
  • тавсифи лоиҳа (барнома);
  • ҳадафҳо, вазифаҳо ва натиҷаҳои иҷтимоии интизоршаванда;
  • нақшаи чорабиниҳо ва сметаи хароҷот;
  • маълумот дар бораи таҷрибаи фаъолияти ташкилот.

5. Муҳлат ва тартиби пешниҳоди аризаҳо

Қабули аризаҳо дар давоми 21 рӯзи корӣ аз рӯзи нашри эълони мазкур дар воситаҳои ахбори омма анҷом дода мешавад.

Аризаҳо бо суроғаи зерин қабул карда мешаванд:

734025, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко-69, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ошёнаи 7-ум.

6. Тартиби баррасии аризаҳо

Баррасӣ ва арзёбии аризаҳои озмунӣ аз ҷониби комиссияи озмунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиб ва меъёрҳои муқарраргардида анҷом дода мешавад.

7. Маълумоти иловагӣ

Маълумоти иловагӣ ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ бо суроғаи зерин дастрас мебошанд:

Телефон: 904545455;
Почтаи электронӣ:  agenti.sh-umumi@mail.ru (Шуъбаи назорат ва коргузорӣ). kfarhangy@mail.ru

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search