ЭЪЛОН

Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номи лоиҳа: Лоиҳаи ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ

Рақами лоиҳа: 59108-001

Агентии иҷрокунанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои татбиқи  Лоиҳаи ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ грант дастрас намуд. Амнияти тандурустӣ ва расонидани хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар Тоҷикистон тавассути таќвияти самтҳои гендерӣ ва устувории иқлим беҳтар хоҳад шуд.

Таҳти назорати ВТҲИАҶТ Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) таъсис дода мешавад. ГТЛ барои татбиқи умумии лоиҳа, аз ҷумла идоракунӣ, харид, маъмурияти ҳаррӯза, мониторинг ва гузоришдиҳӣ масъул хоҳад буд.

Давраи тахминии татбиқи лоиҳа аз ноябри соли 2026 то декабри соли 2031 5 солро ташкил медиҳад.

Дар ин робита, Агентии иҷроия мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмун барои ишғоли вазифаҳои зерин даъват менамояд:

  1. Ҳамоҳангсоз – Сармутахассис оид ба фаъолиятҳои соҳаи тандурустии инсон (Terms of references: Chief Specialist Coordinator for Human Health Activities)
  2. Сармуҳандис оид ба таҷҳизот (Terms of references: Chief Equipment Engineer)
  3. Сармуҳандиси сохтмон (Terms of references: Chief Civil Engineer)
  4. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ (Terms of references: Specialist – Safeguard Officer (Environmental and Social Safeguards Officer))
  5. Мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ (Terms of references: Gender Expert (Gender Specialist))
  6. Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ (Terms of references: Specialist – Monitoring and Evaluation Officer)
  7. Тарҷумон (Terms of references: Translator)

Талаботи ҳадди ақали тахассусӣ барои номзадҳо

1. Ҳамоҳангсоз – Сармутахассис оид ба фаъолиятҳои соҳаи тандурустии инсон

(i) Доштани дараҷаи магистр дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, эпидемиология, микробиология, бемориҳои сироятӣ, илмҳои лабораторӣ, тиб ё соҳаи ба он наздик ҳатмист. Доштани маълумоти олии тиббӣ бо омӯзиши баъдидипломии дахлдор қобили қабул мебошад;

(ii) Доштани на камтар аз 7 соли таҷрибаи касбии дахлдор, аз ҷумла на камтар аз 5 сол таҷриба дар барномаҳои тандурустии ҷамъиятӣ, эпидемиология, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, системаҳои лабораторӣ ё таҳкими хизматрасонии аввалияи тиббӣ;

(iii) Доштани таҷрибаи ҳамоҳангсозии барномаҳои техникии байниидоравӣ ва баррасии ҳуҷҷатҳои техникӣ, дастурамалҳо, расмиёти стандартии амалиётӣ (SOP), барномаҳои омӯзишӣ ё мушаххасоти техникӣ дар соҳаи тандурустӣ ва лабораторияҳо;

(iv) Таҷрибаи кор дар лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ё дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ мешаванд, бартарӣ ҳисобида мешавад;

(v) Таҷриба дар соҳаҳои ВНМО, сил, вараҷа, бемориҳои тавассути векторҳо интиқолёбанда, лабораторияҳои тандурустии ҷамъиятӣ, ташаббуси «Солимии ягона» (One Health), муқовимат ба доруҳои зиддимикробӣ (AMR) ё муоинаи аҳолӣ хеле матлуб мебошад;

(vi) Доштани малакаҳои хуби таҳлилӣ, навиштан, ҳамоҳангсозӣ, идоракунии хавфҳо ва кор бо гурӯҳҳои бисёрсоҳа;

(vii) Донистани барномаҳои MS Office ва қобилияти истифодаи воситаҳои таҳлили маълумот, платформаҳои рақамӣ ва системаҳои иттилоотии соҳаи тандурустӣ;

(viii) Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва инчунин донистани забони англисӣ дар сатҳи корӣ ҳатмӣ мебошад.

2. Сармуҳандис оид ба таҷҳизот

(i) Доштани дараҷаи бакалавр дар соҳаи муҳандисии биотиббӣ, клиникӣ, барқӣ, электронӣ, механикӣ, лабораторӣ, таҷҳизоти тиббӣ ё соҳаи ба он наздик ҳатмист. Доштани дараҷаи магистр дар соҳаи дахлдор бартарӣ ҳисобида мешавад;

(ii) Доштани на камтар аз 7 соли таҷрибаи касбии дахлдор, аз ҷумла на камтар аз 5 сол таҷриба дар таҳияи мушаххасоти техникӣ, арзёбӣ, насб, ба истифода додан ё нигоҳдории таҷҳизоти тиббӣ ва/ё лабораторӣ;

(iii) Доштани таҷрибаи тасдиқшуда дар банақшагирии таҷҳизот, санҷиш ва калибрченкунӣ, омӯзиши истифодабарандагон, қабули таҷҳизот, хизматрасонии кафолатӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии дороиҳо;

(iv) Таҷрибаи кор дар доираи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ мешаванд, бартарӣ ҳисобида мешавад;

(v) Донистани талаботи дахлдор оид ба бехатарӣ ва сифати таҷҳизот, бехатарии барқӣ, радиатсионӣ, биологӣ ва талаботи танзимкунанда;

(vi) Дониши хуби барномаҳои MS Office, таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ;

(vii) Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ дар сатҳи корӣ бартарӣ ҳисобида мешавад.

3. Сармуҳандиси сохтмон

(i) Доштани дараҷаи бакалавр дар соҳаи муҳандисии сохтмон, муҳандисии иншоот, меъморӣ ва муҳандисӣ, идоракунии сохтмон ё соҳаи ба он наздик ҳатмист. Доштани дараҷаи магистр дар соҳаи дахлдор бартарӣ ҳисобида мешавад;

(ii) Доштани на камтар аз 8 соли таҷрибаи касбии дахлдор, аз ҷумла на камтар аз 5 сол таҷриба дар баррасии лоиҳаҳои сохтмонӣ, назорати сохтмон, таъмини сифат ё идоракунии шартномаҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ;

(iii) Доштани таҷрибаи кор бо иншооти соҳаи тандурустӣ, лабораторияҳо, биноҳои муассисавӣ ё дигар иншооти аз ҷиҳати техникӣ мураккаб матлуб мебошад;

(iv) Доштани таҷрибаи татбиқи шартномаҳои сохтмонӣ, идоракунии тағйирот, талаботҳои шартномавӣ, сертификатсияи пардохтҳо, ба истифода додани иншоот ва супоридани онҳо;

(v) Донистани меъёрҳо ва кодексҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши иншооти сохтмонӣ;

(vi) Доштани малакаи кор бо барномаҳои CAD, баррасии ҳуҷҷатҳои техникӣ, таҳияи ҷадвалҳои корӣ, ҳисоботҳо ва идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ;

(vii) Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ бартарӣ ҳисобида мешавад.

4. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ

(i) Доштани дараҷаи магистр дар соҳаи муҳандисии экологӣ, илмҳои экологӣ, илмҳои иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва саломатӣ ё соҳаи ба он наздик;

(ii) Доштани на камтар аз 7 соли таҷрибаи касбии дахлдор, аз ҷумла на камтар аз 5 сол таҷрибаи назорати риояи талаботи экологӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ дар лоиҳаҳои сохтмонӣ ё инфрасохторӣ ва на камтар аз 3 сол таҷриба дар лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои расмии рушд (ODA), муассисаҳои молиявии байналмилалӣ (IFI) ё бонкҳои бисёрҷонибаи рушд (MDB) маблағгузорӣ мешаванд;

(iii) Доштани таҷрибаи амалӣ дар татбиқ ва мониторинги талаботи IEE/EMP/SEMP ва санҷиши зарурии иҷтимоӣ, аз ҷумла санҷиши масъалаҳои замин ва кӯчонидан, машваратҳо ва механизми баррасии шикоятҳо (GRM), риоя накардани талабот, чораҳои ислоҳӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ;

(iv) Доштани таҷрибаи тасдиқшуда дар соҳаи идоракунии партовҳои тиббӣ/биологӣ, обҳои партов ё партовобҳои лабораторӣ, бехатарии биологӣ, маводи хатарнок/асбест, ҳифзи меҳнат ва саломатӣ (OHS) ва бехатарии ҷомеа хеле матлуб мебошад;

(v) Шиносоӣ бо Эъломияи сиёсати БОР оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ (ADB Safeguard Policy Statement, 2009) ва талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаҳои муҳити зист, замин, меҳнат, ҳифзи меҳнат ва саломатӣ, партовҳои тиббӣ, бехатарии биологӣ ва иҷозатномадиҳӣ ҳатмӣ мебошад; таҷриба бо низомҳои шабеҳи дигар бонкҳои бисёрҷонибаи рушд бартарӣ ҳисобида мешавад;

(vi) Доштани малакаҳои хуби арзёбии вазъият дар маҳал, муносибати ҳассос ба ҳодисаҳо, ҳуҷҷатгузории беғаразона, мусоидат ба баргузории чорабиниҳо, омӯзиш ва таҳияи ҳисобот; қобилияти ҳамкорӣ бо мақомоти танзимкунанда, ҷомеаҳо, пудратчиён ва гурӯҳҳои бисёрсоҳа;

(vii) Донистани барномаҳои MS Office, пойгоҳҳои маълумоти мониторингӣ, идоракунии ҳуҷҷатҳо ва таҳлили ибтидоии маълумот. Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, инчунин донистани забони англисӣ дар сатҳи корӣ ҳатмӣ мебошад.

5. Мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ

(i) Доштани дараҷаи магистр дар соҳаи омӯзиши гендерӣ, илмҳои иҷтимоӣ, тандурустии ҷамъиятӣ, омӯзиши рушд, ҳуқуқ ё соҳаи ба он наздик;

(ii) Доштани на камтар аз 8 соли таҷрибаи касбии дахлдор, аз ҷумла на камтар аз 5 сол таҷриба дар ворид намудани масъалаҳои гендерӣ ба лоиҳаҳо ё барномаҳои аз ҷониби ODA/IFI/MDB маблағгузоришаванда, беҳтараш дар соҳаи тандурустӣ ё иҷтимоӣ;

(iii) Доштани таҷрибаи амалӣ дар таҳия, татбиқ ва мониторинги нақшаҳои амал оид ба масъалаҳои гендерӣ ё стратегияҳои шабеҳ, аз ҷумла ворид намудани талаботи гендерӣ ба шартномаҳои корҳои сохтмонӣ, мол ва хизматрасониҳои машваратӣ;

(iv) Доштани таҷриба дар барномаҳои пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварии гендерӣ (GBV), аз ҷумла муносибати ба эҳтиёҷоти ҷабрдида нигаронидашуда, идоракунии ҳолатҳо, роҳҳои бисёрсоҳаи ирсол ба хизматрасониҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

(v) Донистани қонунгузорӣ ва сиёсати миллии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва зӯроварии гендерӣ, инчунин расмиёти стандартии амалиётии миллӣ (SOP) оид ба GBV ҳатмӣ мебошад. Таҷрибаи кор дар лоиҳаҳои БОР ё дигар бонкҳои бисёрҷонибаи рушд, ки ҳадафи баробарии гендерӣ доранд, бартарӣ ҳисобида мешавад;

(vi) Таҷриба дар соҳаҳои ҳуқуқ ва саломатии ҷинсӣ ва репродуктивӣ (SRHR), иртиботи хавф ё амнияти тандурустӣ, тавонмандсозии иқтисодии занон, барномаҳои фарогири маъюбон, пешгирии хариду фурӯши одамон ё ҳамкорӣ бо UNFPA, UN Women, IOM, UNICEF ё Кумитаи кор бо занон ва оила матлуб мебошад;

(vii) Доштани малакаҳои хуби мусоидат ба баргузории чорабиниҳо, омӯзиш, таҳлил ва таҳияи ҳисобот, аз ҷумла таҳлили маълумоти аз рӯи ҷинс гурӯҳбандишуда; қобилияти ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои бисёрсоҳа;

(viii) Донистани барномаҳои MS Office. Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, инчунин донистани забони англисӣ дар сатҳи корӣ ҳатмӣ мебошад.

6. Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ

(i) Доштани дараҷаи магистр дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, эпидемиология, омор, иқтисод, илмҳои иҷтимоӣ, омӯзиши рушд ё соҳаи ба он наздик;

(ii) Доштани на камтар аз 8 соли таҷрибаи касбии дахлдор, аз ҷумла на камтар аз 5 сол таҷриба дар соҳаи мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳо ё барномаҳои аз ҷониби ODA/IFI/MDB маблағгузоришаванда, беҳтараш дар соҳаи тандурустӣ;

(iii) Доштани таҷрибаи амалӣ дар таҳия ва истифодаи чаҳорчӯбаҳои натиҷавӣ, чаҳорчӯбаҳои мантиқӣ ё чаҳорчӯбаи тарҳрезӣ ва мониторинги лоиҳа (DMF), инчунин низомҳои мониторинги самаранокии лоиҳа, аз ҷумла ҷамъоварии маълумоти ибтидоӣ ва маълумот оид ба пешрафт, таъмини сифати маълумот ва ҳисоботдиҳӣ оид ба натиҷаҳо;

(iv) Доштани таҷриба дар таҳияи пурсишҳо, интихоби намуна ва таҳлили миқдорӣ ва сифатии маълумот, инчунин малакаи истифодаи нармафзори оморӣ (масалан, Stata, SPSS ё R) ва воситаҳои кор бо ҷадвалҳо ва пойгоҳҳои маълумот;

(v) Доштани таҷрибаи ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳоди ҳисобот оид ба маълумоти аз рӯи ҷинс гурӯҳбандишуда ва мониторинг ва арзёбии ҳассос ба масъалаҳои гендерӣ;

(vi) Шиносоӣ бо низомҳои иттилоотии соҳаи тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла DHIS-2, ҳатмӣ мебошад; таҷрибаи ҳисоботдиҳӣ оид ба самаранокии лоиҳаҳо барои БОР ё дигар бонкҳои бисёрҷонибаи рушд бартарӣ ҳисобида мешавад. Таҷриба дар соҳаҳои амнияти тандурустӣ, назорати бемориҳо, сил ва ВНМО, «Солимии ягона» (One Health) ё барномаҳои GBV, инчунин назорати фаъолияти ширкатҳои арзёбӣ ё пурсишӣ матлуб мебошад;

(vii) Доштани малакаҳои хуби таҳлилӣ, таҳияи ҳисобот, мусоидат ба баргузории чорабиниҳо ва омӯзиш; қобилияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатӣ, мушовирон ва гурӯҳҳои бисёрсоҳа;

(viii) Донистани барномаҳои MS Office, пойгоҳҳои маълумот ва воситаҳои визуализатсияи маълумот. Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, инчунин донистани забони англисӣ дар сатҳи корӣ ҳатмӣ мебошад.

7. Тарҷумон

(i) Доштани дараҷаи бакалавр дар соҳаи тарҷумонӣ, тарҷумаи шифоҳӣ, забоншиносӣ, забонҳо, филология ё соҳаи ба он наздик;

(ii) Доштани на камтар аз 5 соли таҷрибаи касбӣ дар соҳаи тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ, аз ҷумла тарҷумаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва муассисавӣ. Таҷрибаи кор дар лоиҳаҳои рушд ё соҳаи тандурустӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;

(iii) Қобилияти анҷом додани тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳии дақиқ байни забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Донистани хуби ҳар се забон ҳатмӣ мебошад;

(iv) Таҷриба дар истифодаи истилоҳоти соҳаҳои харид, ҳуқуқӣ ва шартномавӣ, молиявӣ, муҳандисӣ, тиббӣ, лабораторӣ, ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ, гендерӣ ё мониторинг ва арзёбӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;

(v) Доштани малакаҳои хуби таҳрир ва таҳрири ниҳоии матн, ҷустуҷӯи истилоҳот, қайдгирӣ, риояи бетарафӣ, махфият ва идоракунии вақт;

(vi) Дониши хуби барномаҳои MS Word ва PowerPoint, аз ҷумла кор бо ҷадвалҳо, услубҳои ҳуҷҷат, пайгирии тағйирот ва муқоисаи ҳуҷҷатҳо;

(vii) Қобилияти сафар ва анҷом додани тарҷумаи шифоҳӣ дар доираи вохӯриҳо, сафарҳои хизматӣ, боздидҳои саҳроӣ ва чорабиниҳои лоиҳа.

Маълумоти иловагӣ ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо

Аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки резюмеи худро тавассути почтаи электронии adbirhp@gmail.comбо нусха adb.irhp.procurement@gmail.com ирсол кунанд.

Лутфан, унвони вазифаро дар мавзӯи почтаи электронӣ қайд кунед.

Лутфан, қайд кунед, ки резюмеи шумо бояд дар шакли қабулшуда аз ҷониби Агентии иҷроия бо забони англисӣ ирсол карда шавад. (ADB Format) ва бо забони тоҷикӣ (Маълумотнома). Pезюме/CV набояд аз панҷ (5) саҳифа зиёд бошад.

Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан аз соати 9:00 то 17:00, аз душанбе то ҷумъа бо суроғаи зерин тамос гиред.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯчаи Шевченко, 69, Душанбе, Тоҷикистон (ошёнаи 10).

Мӯҳлати охирини пешниҳоди резюме/CVҳо 18 ноябри соли 2026, соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Интихоб мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби интихоби мутахассисони инфиродии Бонки Осиёии Рушд анҷом дода мешавад.

Танҳо номзадҳои мувофиқ дар асоси резюме ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译