Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Гуруҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади  дастгирии гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ аз таконҳои иқтисодию иҷтимоӣ, мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ ва мукаммалгардонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, фаъолият менамояд, дар давоми соли 2024 дар густариши низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нақши калидӣ мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки Лоиҳа дар асоси 2 (ду) созишномаи маблағгузорӣ, созишномаи маблағгузории грантӣ аз 30-юми июни соли 2023 “Оид ба маблағгузории лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (№E1600-TJ) дар ҳаҷми 26,0 млн Ҳуқуқи Махсуси Қарздиҳӣ (ҲМҚ) ё баробар ба 35,0 млн доллари ИМА ва Созишномаи маблағгузории грантӣ “Оид ба Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кўдакон ва наврасон” (гранти №TF0791-TJ) дар ҳаҷми 2,5 млн. доллари ИМА, ҳамагӣ дар ҳаҷми умумӣ баробар ба 37,5 млн. доллари ИМА амалӣ гардида истодадааст. Лоиҳаро 2 (ду) оҷонсии татбиқкунанда-Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо ҳаҷми маблағи пешбинишуда баробар ба 21,1 млн доллари ИМА ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҳаҷми маблағи пешбинишуда баробар ба 16,4 млн доллари ИМА амалӣ  менамоянд.

Дар давоми соли 2024 тавассути Гуруҳи татбиқи лоиҳа-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи қисмати (компоненти) “Кумаки таъҷилӣ ба оилаҳои камбизоати дар сатҳи пасти даромад қарордошта” ба 84 926 оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ аз 3 нафар зиёд кўдакони синни то 16 сола доранд, ба маблағи 50 912 400 сомонӣ, ба 1 472 оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ аз 2 нафар зиёд шахсони маъюб доранд, ба маблағи 883 200 сомонӣ ва ба 26 375 оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ шахсони пироносоли синни аз 65 сола боло доранд, ба маблағи 15 825 000 сомонӣ, ҳамагӣ барои ба 112 689 оилаи камбизоат пардохт намудани кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 67 613 400 000 сомонӣ маблағгузорӣ анҷом дода шуд.

 Ҷиҳати таъмини мақомоти маҳалии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҳуҷҷатҳои корӣ барои таъин намудани кумаки унвонии иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои Лоиҳа 3 намуди шакли варақа барои муроҷиаткунадагон бо теъдоди умумӣ 720 ҳазор нусха (ё 240 ҳазор нусхагӣ ҳар як шакли он), ҷувздон барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо – 240 ҳазор нусха, китоби бақайдгирии аризаҳо барои таъини кумакпулӣ–3 ҳазор адад, китоби бақайдгирии парвандаҳо–300 адад, буклет оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ–5 ҳазор адад, буклети баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон–5 ҳазор адад ва дар шакли китоб “Маҷмуъи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ–2,5 ҳазор адад, ба маблағи умумӣ, баробар ба 141,41 ҳазор доллари ИМА табъу нашр гардида, тибқи тақсимоти Вазорат ба шаҳру ноҳияҳо расонида мешаванд.

Ҳамзамон,  масъулони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як маротиба дар телевизиони “Сафина” ва 3 маротиба дар радиои “Садои Душанбе” доир ба ин масъала баромад намуда, илова ба ин, дар 6 ҷамоати ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тартиби муроҷиат, таъинот ва пардохти кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба шаҳрвандон вохуриҳо гузаронида, тариқи саволу ҷавоб ба онҳо маълумот доданд.

Таҳкими заминаи моддию техникӣ ва азнавсозии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ яке аз нақшаҳои лоиҳаи мазкур арёбӣ гашта, дар ин радиф  108 басти мебел ба маблағи баробар ба 118,55 ҳазор доллари ИМА харидорӣ гардид, ки барои таъмини 72 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Бо мақсади ба махзани электронии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ворид намудани маълумоти инфиродӣ ва санадҳои тиббии шахсони маъюб ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ низ аз ҳисоби лоиҳа бо маблағи  119,7 ҳазор доллари ИМА кўмаки молиявӣ расонида шуд, ки он асосан барои нигоҳдории кормандони Гуруҳи таҳлилию техникии назди Хадамот дар ҳайати 23 нафар, инчунин барои анҷом додани сафарҳои хизматии кормандон ва ҳаққи хизматрасонии интернети дастгоҳи марказии Хадамот ва 26 шуъба ва бахшҳои минтақавии он равона гардид.

Ҳадафи таъсис додани махзани электронии маъюбон аз байн бурдани бақайдгирии онҳо дар шакли қоғазӣ, рақамикунонии равандҳои муқаррарсозии маъюбият, саривақт дастрас намудани маълумоти зарурӣ оид ба маъюбон ва таъмини эътимоднокии онҳо ва таъминоти эҳтиёҷоти маъюбон ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба шумор меравад.

Хулоса дар соли сипаригардида барои фаъолияти анҷомдодаи “Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” кўмаки молиявӣ ба маблағи баробар ба 70,1 ҳазор доллари ИМА расонида шуд, дар солҳои оянда  низ тибқи лоиҳаи мазкур нақшаҳои назаррас амалӣ хоҳанд гашт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон

Search