Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Аз 09 то 14-уми декабри соли равон дар шаҳри Лиони кишвари Франсия вохурии шарикони рушди умумиҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Иттиҳоди Аврупо ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тандурустӣ баргузор мегардад, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар вохурии мазкур намояндагони 120 давлати аъзои СУТ шарикони Иттиҳоди Аврупо иштирок доранд.

Дар гуфтушуниди бисёрҷониба иштирокчиён доир ба масоили тандурустӣ бо диққати махсус ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ, таъминокӣ бо кадрҳои тибби оилавӣ ба шабакаи КАТС, рақамикунонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ бо ҷалби шарикони рушдро баррасӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки давраи рӯзҳои кории вохурӣ як қатор баромадҳои пленарӣ, аз ҷумла аз ҷониби Тоҷикистон шунида шуд ва ҳамзамон даҳҳо баромадҳо дар масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ вобаста ба ворид намудани технологияҳои муосири рақамӣ, усулҳои баланд бардоштани сатҳи фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ новобаста аз мушкилиҳои иқтисодию ҷуғрофӣ ва ғайра мавриди муҳокимаи умум қарор гирифтанд.

Дар давоми баргузории муҳокимаҳои байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ барои рушди минбаъдаи сифати хизматрасонӣ, самаранокии фаъолияти шабакаи КАТС ва тибби оилавӣ, баланд бардоштани захираҳои кадрӣ, рақамикунонӣ барои таъмини дастрасии умумии аҳолӣ ба кумакҳои тиббию санитарӣ низ баррасӣ гардиданд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастовардҳои назарраси соҳа дар шакли маълумотҳои иттилоотӣ, видероликҳо, баромадҳо ва презентатсияҳо оид ба мавзуъҳои гуногуни тибқи тадқиқотҳои ба даст омада ба иштирокчиён манзур гардид. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи аз 2021 то инҷониб масъалаҳои таъмини сохтор бо табибон аз 14% ба 7,2% коҳиш ёфта, соҳа ба ҳамшираҳои тиббӣ пурра таъмин гардид.

Инчунин, Нақшаи миллии амал оид ба захираҳои кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ барои сармоягузорӣ ба тибби оилавӣ ва КАТС дар шакли лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ пешниҳод карда шудааст.

Ҳамзамон, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи вохурии мазкур якҷо бо намояндагони СУТ дар Тоҷикистон барои ривоҷ додани ҳамкориҳои минбаъда бо намояндаҳои шарикон оид ба рушд баҳри таъмини дастрасии умумии аҳолии Тоҷикистон бо хизматрасониҳои тиббӣ яқ қатор вохуриҳои судманд баргузор намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search