Гулҷамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино

Бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон ва зодрӯзи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино субҳи барвақти имрӯз, 18-уми августи соли равон аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гулчамбар гузошта шуд.

Дар маросими гулчамбаргузорӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки маросими гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи фарзанди баруманди тоҷик, олим, табиб ва файласуфи машҳур Абуалӣ ибни Сино ба хотири гиромидошти хизматҳои беназираш дар рушди илми тиб ва арҷгузорӣ ба шахсияти нотакрори ӯ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гардид.

Қобили зикри хос аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ баҳри қадршиносӣ ва азнав эҳё кардани осори ҷовидонаи фарзандони баруманди миллат таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо чандин тадбирҳои муҳиму зарурӣ амалӣ гардиданд.

Аз ҷумла ба хотири гиромидошти шахсияти нобиғаи ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон ба исми мубораки ӯ номи донишгоҳ, ноҳия, ҷоизаи давлатӣ гузошта шудаву даҳҳо иқдому ташаббусҳои дигар низ амалӣ карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон ва 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино имрӯз, соати 15:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашириф Ҷӯраев баргузор мегардад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Search