Хизматрасонии тиббии ройгон дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ”

Субҳи 6-уми апрели соли равон дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” таҳти унвони «Якҷоя ба суи саломатӣ. Якҷоя ба суи илм” дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони мамлакат ба хизматрасонии тибби ройгон фаро гирифта шуданд.

Дар оғоз роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикон оид ба рушд ва дигар иштирокчиён аз намоишгоҳ ва рафти химзатрасонии тиббии ройгон дидан карданд.

Ҳамин тавр, чорабинии мазкур имрӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гашта, дар доираи он шаҳрвандон аз ҷониби мутахассисону сармутахассисони соҳавӣ ва бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба ташхису муоина ва машварати ройгон фаро гирифта шуданд.

Дар доираи ин аксия зиёда аз 5600 нафар ба ташхису муоина ва машварати ройгон фаро гирифта шуда, инчунин ба як қатор беморон ҷарроҳиҳои гаронарзиш, аз ҷумла дар самти ҷарроҳии дилу рагҳо, ҷарроҳӣ дар майнаи сар, ҷарроҳии чашм ба таври ройгон анҷом дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар тамоми муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санаи 07-уми апрели соли равон аз соати 8:00 оғоз мегардад.

Инчунин, санаи 8 апрел соати 8:00 дар тамоми муассисаҳои тандурустии ВМКБ чорабинии мазкур баргузор хоҳад шуд.

Бинобар ин, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки дар рӯз ва вақти муайянгашта ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ ташриф оварда, хизматрасонии тиббии ройгон бигиранд.

Дар доираи чорабинии мутамарказонидашуда то санаи 10 апрели соли равон ҳамзамон як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла семинару машваратҳо ва дигар чорабиниҳои солимгардонӣ дар назар дошта шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search