“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Имрӯз, 23-юми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи “Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гашт, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода, муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” Гулҷаҳон Давлатзода, шарикон оид ба рушд ва доираи васеи мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Конфронси мазкурро директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” Гулҷаҳон Давлатзода ифтитоҳ намуда, баъдан суханро ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни суханронии хеш доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар кишвар, масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, ҳадаф ва мақсад аз баргузории конфронси мазкур баромад кард.

Қайд гардид, ки дар конфронси имрӯза зиёда аз 40 маърӯзаҳои илмӣ дар мавзӯъҳои ҳалталаби ҳолатҳои фаврии занону наврасон баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Дар ҳамин замина, гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва пешгирии фавти онҳо стратегия ва барномаҳои миёнамуҳлат қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба рушди соҳа имконият ва заминаҳои нави ташхису табобат фароҳам овард.

Маҳз бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур дар конфронси навбатии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” мавзӯи “Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд” интихоб гардидааст.

Пешрафти корҳои илмии муассиса аз фаъолияти  пурсамари кормандони  илмӣ вобастагӣ дорад ва боиси ифтихор аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар пажӯҳишгоҳи мазкур 14 рисолаи докторӣ ва 51 рисолаи номзадӣ ба анҷом расонида шуд.

Қайд карда шуд, ки айни замон дар пажӯҳишгоҳ 4 нафар докторони илми тиб, 2 нафар профессор, 11 нафар дотсентҳо ва 45 нафар номзадҳои илм фаъолият намуда, самти корҳои илмии ҷумҳуриро бо навовариҳои илмӣ ғанӣ сохта, дар тайёр намудани олимони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.

Зикр гардид, ки мавзӯи интихобгардида масъалаи ҳалталаби соҳа буда, ҳоло дар ин самт  мушкилоти ҳалкунандаро дорост.

Дар идома конфронси мазкур кори худро дар бахшҳои пленарӣ идома дода, дар он мавзӯъҳои ҳалталаби соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Ҷаласаи шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт

Семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирии бемории саратон

Чорабинии идона бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Рустам Нуров: Дар Тоҷикистон усулҳои муосири ташхисии фаврии бемории сил ҷорӣ мебошанд

Search