Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатии “Медси Душанбе”

18-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба фарорасии 27 июн-Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Маркази ташхисию табобатии “Медси Душанбе”-и ҶДММ «Тибби Нав» мавриди истифода қарор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки маркази ташхисию табобатии мазкур муассисаи бисёрсоҳавии тиббии муосир буда, дар ҳамкорӣ бо бузургтарин шабакаи хусусии тиббии Федератсияи Россия-Медси таъсис дода шудааст.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо шароиту имкониятҳои дар маркази навбунёди тандурустӣ муҳайёгашта шинос шуд.

Масъулин иттилоъ доданд, ки дар марказ 34 ҳуҷраҳои табобатӣ, 2 ҳуҷраи ҷарроҳии муосир, маркази стоматологӣ бо 4 курсии стоматологӣ, маркази эндоскопӣ ва маркази усулҳои экстракорпоралии табобат фаъолият намуда, хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби зиёда аз 20 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба амалӣ карда мешавад.

Дар баробари ин, Маркази ташхисию табобатии “Медси Душанбе” бо зиёда 200 адад таҷҳизоти муосири тиббии истеҳсолкунандагони пешрафтаи ҷаҳон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Италия, Ҷопон ва Чин ҷиҳозонида шуда, дар фаъолияти ҳаррӯза системаҳои ташхиси фаросавтӣ, маммографияи рақамӣ, маҷмааҳои эндоскопи, таҷҳизот барои ҷарроҳии артроскопи ва эндоскопи, системаҳои муосири анестезиология ва эҳёгарӣ истифода бурда мешавад.

Тавре гуфта шуд, дар маркази навбунёди тандурустӣ ба масъалаҳои бехатарии беморон, стандартизатсияи равандҳо, назорати сироятӣ, рақамикунонии хизматрасонии тиббӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои байналмилалии идоракунии сифат диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла марказ дар заминаи низоми иттилоотии тиббии «Медиалог» фаъолият намуда, пешбурди ҳуҷҷатгузории электронии тиббӣ ва ҳамгироии таҷҳизоти ташхисиро ба фазои ягонаи рақамӣ таъмин менамояд.

Ҳамзамон, яке аз бартариҳои муҳими ин маркази ташхисию табобатӣ-ин ҳамгироӣ ба экосистемаи шабакаи хусусии тиббии Федератсияи Россия-Медси мебошад, ки имконияти баргузории консилиумҳои онлайн, гирифтани хулосаи дуюми тиббӣ аз мутахассисони пешбари Россия ва равона намудани беморон ҳангоми зарурати табобати марказҳои “Медси”-ро фароҳам меорад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода роҳбарият ва кормандони маркази мазкурро барои соҳиби чунин муассисаи тиббии замонавӣ гардидан табрик гуфта, ба фаъолияти кории онҳо барору муваффақият таманно намуд.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки Маркази ташхисию табобатии “Медси Душанбе”-и ҶДММ «Тибби Нав» барои пешбурди низоми муосири хизматрасонии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якчанд амалиёти ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram