20-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд шуъбаи осебшиносии Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи навтаъсиси осебшиносии Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд бо тамоми таҷҳизот ва ҳуҷраҳои ташхису табобатӣ муҳайё карда шуда, 10 нафар табибон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҷҳизоти зарурӣ ва доруворӣ ба шуъбаи осебшиносӣ дастрас гардида, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маркази саломатии №5 пурра аз таъмир бароварда шуд. Ҳамчунин бинои шуъбаи осебшиносӣ бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Мақсудҷон Ҳоҷибоев таъмиру азнавсозӣ гардида, бо мебел таъмин карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар доираи амалишавии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ афзуда, беморхонаву марказҳои саломатӣ ва клиникаҳои давлатию хусусии муосир бунёд ва ба истифода дода мешаванд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми боздид аз шароити фароҳамгардида ба роҳбарият ва дигар кормандони соҳа ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса додан ба сифати хизматрасонӣ барои сокинон, муошират бо беморон, риояи қоидаю талаботи беҳдоштию гигиенӣ бо истифода шароити муосири фароҳамгардида дастуру супоришҳо дод.
Кормандони Маркази саломатии №5 ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва дастгириҳои ҳамешагиашон барои рушди соҳа изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароити муосири фароҳамгардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар менамоянд.


