Иммунизатсия-қадами муҳим барои солимии аҳолӣ

Аз 1 октябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам бо фарогирии духтарони 10-14-сола оғоз мешавад.

Тибқи натиҷаи тадқиқотҳои тиббӣ, аз 95 то 99 фоизи ҳолатҳои бемории саратони гарданаки бачадонро вируси папилломаи одам ба вуҷуд меорад.

Коршиносон мегӯянд, ки ваксинагирӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар 10-14-солагӣ роҳу воситаи бехатари пешгирии ин беморӣ аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки истифодаи ин ваксина боиси коҳиш ёфтани гирифторӣ ба саратони гарданаки бачадон мешавад.

Бинобар ин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз 1 октябри соли ҷорӣ иммунизатсияи духтарони 10-сола бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардад. Ҳамчунин аз 1 то 31 октябри соли равон чорабинии иммунизатсионии оммавӣ барои духтарони 11-14-сола низ гузаронида мешавад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки падару модарон аз ин имконият истифода бурда, барои ваксинагирии духтарони худ мусоидат намоянд. Зеро иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам масунияти устувору самарабахшро ба вуҷуд меорад ва модарони ояндаро аз хатари саратони гарданаки бачадон эмин медорад.

ОМОР ТАШВИШОВАР АСТ…

Бино ба оморҳои ҷаҳонӣ, саратони гарданаки бачадон аз рӯйи паҳншавӣ дар байни занон ҷойи 4-умро ишғол мекунад. Соли 2023 дар дунё тақрибан 640 ҳазор ҳолати нави гирифторшавӣ ва 311 ҳазор ҳодисаи фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон саратони гарданаки бачадон баъд аз саратони ғадуди ширӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Мувофиқи тадқиқоти Агентии байналмилалии омӯзиши саратон, тӯли 10 соли охир гирифторшавии занон ба саратони гарданаки бачадон дар синни ҷавонӣ (15-44-сола) ҳудуди 70% афзудааст.

Саратоншинос, доктори илмҳои тиб Саида Умарзода мегӯяд, айни замон дар Тоҷикистон 2259 нафар занони гирифтори саратони гарданаки бачадон дар қайди марказҳои саратоншиносӣ қарор доранд. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 423 нафар занони мубталои саратони гарданаки бачадон бори аввал ба қайд гирифта шуда, 126 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Давоми 8 соли охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаи саратоншиносиро зиёд намудааст, ки барои харидории дорувории кимиёвӣ аз буҷети ҷумҳурӣ солона то 5 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад. Азбаски аксари беморон дар марҳилаҳои ниҳоӣ дарёфт мегарданд, ин маблағ барои таъмини пурраи ҳамаи онҳо нокифоя аст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки беморон бештар дар марҳилаҳои аввал ё бо бемориҳои пешазсаратонӣ ба марказҳои саратоншиносӣ муроҷиат кунанд.

– Муолиҷаи бемории саратони гарданаки бачадон вобаста ба марҳилаи беморӣ гузаронида мешавад. Табибони саратоншинос барои тартиб додани нақшаи табобат якчанд нишондиҳандаҳои биологии омосро ба назар мегиранд. Ҳангоми марҳилаи якуми саратони гарданаки бачадон бо ҳаҷми омос то 4 см табобат аз ҷарроҳӣ оғоз мегардад. Дар ҳолати ҳаҷми омос аз 4 см калон будан, дар марҳилаи аввал кимиёдармонӣ гузаронида шуда, сипас ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад. Баъд аз ҷарроҳӣ бемор бояд ба табобати нурӣ фаро гирифта шавад. Ҳар як намуди табобат барои бемор ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз нигоҳи равонӣ мураккаб мебошад, – афзуд Саида Умарзода.

ВАКСИНА КОМИЛАН БЕХАТАР АСТ!

Мародсилтон Назархудоева, духтур-эпидемиологи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” мегӯяд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам байни духтарони синну соли мақсаднок ба таври ройгон гузаронида мешавад. Аммо он барои кишварамон ройгон нест. Ваксинаи зидди вируси папилломаи одам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дастгирии шарикони рушд бо харҷи миллионҳо сомонӣ харидорӣ шудааст.

Ӯ бо такя ба таҷрибаи бисёрсолаи истифодаи ваксина бар зидди вируси папилломаи одам дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон изҳор дошт, ки зимни иммунизатсия дар Тоҷикистон ваксинаи чорвалентаи “Гардасил” ба кор бурда мешавад. Ин ваксина қариб 20 сол инҷониб дар амалияи ҷаҳонӣ қарор дорад. Он аз ҷониби ширкати амрикоии “Merck & Co” истеҳсол шудааст. Аз пажӯҳишҳо оид ба натиҷаи истифодаи ваксинаи мазкур бармеояд, ки он комилан бехатару самарабахш аст.

Ин ваксина шахсро аз якчанд намуди вируси папилломаи одам, ки онҳо боиси пайдоиши осебҳои пешазсаратонии маҳбал, узвҳои берунаи таносули занона, мақъад, кандиломаҳои аногениталӣ ва саратони гарданаки бачадон шуда метавонанд, муҳофизат мекунад. Тадқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки ин ваксина ягон оризаи дарозмуддат ва таъсири манфӣ надошта, ба солимии репродуктивии занон ва раванди ҳомилагӣ зарар намерасонад.

– Натиҷаи тадқиқот дар кишварҳои Аврупо, Зеландияи Нав ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нишон додааст, ки иммунизатсия ба пастшавии назарраси сироятёбӣ ба намудҳои хатари баланди саратонидошта то 90 фоиз ва пастшавии ҳолатҳои бемориҳои пешазсаратонӣ ва кандиломаҳо то 88 дарсад оварда расонидааст, – мегӯяд Мародсилтон Назархудоева.

ВАКСИНА ЯГОН АКСУЛАМАЛИ ҶИДДӢ НАДОРАД

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба монанди дигар ваксинаҳо ва дорувориҳо метавонад аксуламалҳои сабук, аз ҷумла дардмандӣ, сурхшавӣ ва ё варамак дар ҷойи тазриқ, дарди сар ё каме баландшавии ҳарорати бадан дошта бошад. Ин аксуламалҳо одатан кӯтоҳмуддат буда, дар давоми якчанд соат ё як рӯз пурра аз байн мераванд.

Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки пас аз қабули ваксина шахс дар давоми 15 дақиқа зери назорати кормандони тиб бошад, то дар ҳолати зарурӣ ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расонида шавад.

Ба иттилои Дилшод Сайбурҳонов, мудири шуъбаи коммуникатсия ва робита бо ҷомеаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, дар чорабинии иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам тақрибан 520 ҳазор нафар духтарони 10-14-сола фаро гирифта мешаванд.

Ӯ мегӯяд, ваксинагирӣ асосан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешавад. Барои фарогирии наврасон дар минтақаҳои дурдаст иловатан гурӯҳҳои мобилии сайёр ташкил ва сафарбар карда мешаванд.

ОЯНДАИ БИДУНИ САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОН…

Коршиносони ҷаҳонӣ ҳадафи аввалиндараҷаи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одамро сармоягузории фоидаовару қадами муҳим дар самти беҳтар намудани солимии аҳолӣ ва ояндаи бе саратони гарданаки бачадон маънидод мекунанд.

Людмила Мосина, коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зимни як ҳамоиши сатҳи баланд иброз дошт, ки имрӯзҳо дар 148 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои исломӣ – Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Туркия, ҳамчунин, ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон барои духтарон ва дар баъзе мамлакатҳо бо фарогирии писарон низ иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам роҳандозӣ шудааст.

Натиҷаҳои тадқиқоти гуногуни тиббӣ нишон медиҳанд, ки иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам роҳи самарабахши мубориза бо саратони гарданаки бачадон ва баъзе намудҳои саратони дигар узвҳои бадан аст. Масалан, дар Бритониё пас аз гузаронидани маъракаи эмкунии духтарони 12-14-сола омори гирифторӣ ба саратони гарданаки бачадон 80% коҳиш ёфтааст. Дар Шветсия иммунизатсия боиси қариб пурра аз байн рафтани бемории саратони гарданаки бачадон гардида, дар Финландия ҳолатҳои ин намуди саратон дар байни занони ваксинагирифта мушоҳида нашудааст.

Ин коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чунин мешуморад, ки дар ҳоли даст додани имкон ва дастрасии молиявӣ иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам ба писарон, ҳамчунин, дар калонсолӣ ба занон ва мардон низ манфиатовар аст.

БА ОВОЗАҲОИ БЕАСОС БОВАР НАКУНЕД!

Мутаассифона, дар гузашта бархе нафарони ноогоҳ бо суханҳои бофтаву беасоси хурофотӣ ё ақидаҳои шахшудаву қолабӣ ваксинагирии мардумро муҳим намедонистанд ва ба қавле “теша ба решаи худ мезаданд”. Хушбахтона, имрӯзҳо чунин овозаҳои бардурӯғ коҳиш ёфтааст, вале шояд ҳанӯз ҳам дудилагӣ ва шубҳаву гумонҳо пурра аз байн нарафта бошад.

Азалшоҳ Шарифзода, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Ҳисор ба номи Имоми Аъзам, узви Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинагирии инсонро аз дидгоҳи шариат чунин шарҳ дод:

– Дар китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръони карим барои муолиҷаи маризиҳои гуногун 3 шакли табобат муқаррар шудааст. Бемориҳое, ки бо руҳу равони инсон алоқамандӣ доранд, тариқи дуохонӣ табобат карда мешаванд. Вақте гап сари иллатҳои ҷисмонӣ меравад, на ба фақеҳон, балки ба ҳакимону табибон такя кардан лозим аст. Бинобар ин, иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам муҳим мебошад, зеро барои муҳофизати бадани онҳо аз бемории хатарноки саратони гарданаки бачадон хидмат мекунад.

ФУРСАТРО НАБОЯД АЗ ДАСТ ДОД

Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам як роҳи муассири ҳифзи модарони оянда аз хатари гирифторшавӣ ба бемории саратони гарданаки бачадон мебошад. Ин беморӣ яке аз сабабҳои асосии марги занон дар саросари ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ваксина метавонад пеши роҳи онро бигирад.

Аз ин рӯ, падару модарон ва дигар парасторонро зарур аст, ки фурсатро аз даст надода, духтарони 10-14-соларо дар муҳлати муайяншуда барои ваксинагирии зидди вируси папилломаи одам роҳнамоӣ кунанд. Ин ваксина барои саломатии духтарон безарар буда, онҳоро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои хатарнок, ба монанди саратони гарданаки бачадон ҳифз мекунад.

Бисёр хуб мешавад, ки волидон имрӯз дар фикри солимии ояндаи фарзандони худ бошанд, то фардо барои беэътиноӣ нисбат ба саломатии онҳо ангушти пушаймонӣ нагазанд.

Муаллиф: Ибодулло ТОҲИРОВ, “Минбари халқ”, 24 сентябри соли 2025, №39 (1540)

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ. Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ дар талхадон ва роҳҳои талхагузар тариқи дастгоҳи Ай Макс (Eye Max) бо усули эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд

“Нигоҳубини некбинона барои занон дар вақти ҳомиладорӣ ва баъди таваллуд”

Боздид аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи тандурустӣ ва вохурӣ бо мутахассисони олмонӣ

“Шифобахш”. Ҷаласаи васеи фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ВНМО бо иштироки зиёда аз 400 нафар кормандони тиб

Ба роҳ мондани боз як амалиёти ҷарроҳии муосир дар Беморхонаи клиникавии №3-и шаҳри Хуҷанд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Search