Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, мушкилотҳо вобаста бо ғизои носолим ба тамоми аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд, бахусус модарон ва кўдакон аз ҷиҳати вазъи иҷтимоию иқтисодӣ хеле осебпазир мебошанд.

Ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Ғайр аз ин, чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷуҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудааст.

Дар ҳамин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, таҳти №205 “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027” тасдиқ гардидааст.

Ҳадафи барнома аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи  он  бо  самтгирӣ  ба устуворгардонии  саломатии  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷўҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.

Бо мақсади омўхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини ғизои солим ба мактаббачагон айни ҳол гурўҳи кории мутахассисон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, сармутахассиси раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Турахонзода Хайём ва намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Отамбекзода Бахтибек дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кўдакон, ки таи рўзҳои 9 – 12 декабри соли равон дар шаҳри Осакаи давлати Ҷопон баргузор гардид, ширкат варзида истодаанд.

Мақсад аз баргузории Форуми Глобалӣ, ин ҳамчун платформаи асосӣ хизмат намудан барои давлатҳо ва шарикон оид ба рушд дар самти омўзиш, мубодилаи таҷриба, дастгирӣ ва васеъ намудани барномаҳои ғизои мактабӣ, хабардор намудан аз натиҷаи тадқиқоти Глобалӣ оид ба барномаҳои ғизои мактабӣ, шинос намудан бо таҷрибаи маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалии Ҷопон оид ба ғизои мактаббачагон, чорабини расмӣ қабл аз конфронси байналмилалии Токиёгӣ оид ба рушди Африқо дар соли 2025 (TICAD) ва муташаккилона таҳия намудани самтҳои асосие, ки иштирокчиён дар давоми соли оянда (2025) вобаста ба афзалиятҳои худ дар самти ғизои мактабӣ фаъолият мекунанд, мебошад.

Дар Форум намояндагони кишварҳо аз дастовард ва мушкилиҳои худ дар масъалаи таъмини ғизои солим ба мактаббачагон, устувории маблағгузорӣ барои беҳтарсозии ғизои сифатнок дар синфҳои ибтидоӣ, ки ҷанбаи асосии солимии зеҳнӣ, руҳӣ, равонӣ ва дониши хуб мебошад, маърўза намуданд.

Дар рўзи дуюми Форум оид ба саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ғизои мактабӣ Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўза намуда, оид ба қабули ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ аз ҷумла, “Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (28 феврали соли 2015, №102), “Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027” (29 сентябри соли 2017, №456) ва “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, фаъолияти босамари Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ, куллан беҳтар гардидани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, бахусус ҳолати ошхонаҳо ва таъмин бо ошпазҳо, рушд додани хоҷагиҳои ёрирасони назди муассисаҳои таълимӣ барои парвариши зироатҳои маҳаллӣ, зиёд гардидани шумораи муассисаҳои таълимӣ, ки хонандагони синфҳои ибтидоиро (1-4) бо ғизои гарми яквақтаина таъмин менамоянд, инчунин аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзоиш ёфтани маблағгузорӣ ва дигар дастовардҳо маълумот пешниҳод намуд.

Дар рўзи сеюми Форум гурўҳи кории мутахассисон барои шиносоӣ бо таҷрибаи давлати Ҷопон дар самти ташкил ва таъмини ғизои мактаббачагон ба мактабҳои алоҳида ташриф оварда, дониш ва малакаи худро вобаста ба масъалаҳои ташкили ғизои мактабӣ баланд бардоштанд.

Қобили зикр аст, ки истифода бурдани баъзе аз ҷанбаҳои таҷрибаи давлатӣ Ҷопон ва дигар давлатҳои иштирокчии Форум барои ташкил ва таъмини ғизои солим ба мактаббачагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак менамояд.  

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Хайрулло Иззатов: зиёда аз 90%-и инсултҳоро метавон пешгирӣ кард.

Search