Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ташаббуси масъулини Муассисаи давлатии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва Маркази саломатии №2 гардишҳои хона ба хона анҷом дода шуда, дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои гуногун корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо пешгирии бемориҳои гуногун, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар ҷараёни чорабинӣ мутахассисони соҳа ба сокинон оид ба роҳҳои ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, зарурати эмгузаронӣ ва пешгирии омилҳои хавф тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

Аз ҷониби кормандони тиб дар кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва маҳалҳои аҳолинишин вобаста ба пешгирии бемориҳои сурхча, гепатитҳои А, В, С, инчунин бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуд.
Мавриди зикр аст, ки чунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ мунтазам идома дошта, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа мусоидат менамоянд.


