Кормандони дастгоҳи марказии вазорат ҷашни Наврӯзро бо шукӯҳ таҷлил намуданд

Имрӯз, 04-уми апрели соли равон роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Муассисаи давлатии Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати “Харангон” дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

Дар саҳни осоишгоҳи мазкур гушаҳои наврӯзӣ ташкил гардида, дар онҳо унсурҳои Наврӯз – ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои баҳорӣ, асбобу олотҳои мардумӣ, сару либоси миллӣ, гулдӯзиҳо, зарфҳои қадима ва дигар ашёҳои заруриро ба намоиш гузоштанд. Ҳар як гӯша фарогири дастовардҳои ҳунарҳои мардумии минтақаҳои кишвар – бозгӯкунандаи русуми аҷдодӣ ва маҳорати баланди ҳунармандон буд.

Дар ин ҷашни бошукӯҳ роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зерсохторҳои он иштирок намуданд.

Баъд аз сайри наврӯзӣ, ки роҳбарияти вазорат ва меҳмонон гӯшаҳои наврӯзиро тамошо карда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба ҳамагон барору комёбиҳои нав ба нав таманно дошт.

Бо хушнудӣ иброз гардид, ки маҳз натиҷаи сиёсати оқилонаву дурандешона ва фарҳангпарваронаи Сарвари хирадсолор ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар мамлакати зебоманзари мо чунин чорабиниҳои бошукӯҳ бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа бо руҳияи баланди шодмонӣ таҷлил карда мешаванд.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба ифтихори ин ҷашни аҷдодӣ иброз дошта буданд: «Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад».

Дар ин замина, бо мақсади арҷгузорӣ ба тамаддуни гузаштаи аҷдодӣ, азнав эҳё намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик ва бо ин роҳ боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии шаҳрвандони мамлакат санаи 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар шаҳри Душанбе Конуни махсус ё Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шаванд.

Воқеан ҳам таъсиси ин марказ Наврӯзро аз доираи як ҷашни суннатӣ берун оварда, ба он мақоми ниҳоди фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебахшад.

Моҳиятан таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар фазои давлатҳое, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд ва ё дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз ҷойгиранд, метавонад ҳамчун абзори воқеии ҳамкорӣ ва рамзи муттаҳидкунандаи тамаддуни башарӣ хизмат кунад. Тибқи андешаҳои муҳаққиқон, агар марказ рамзи муттаҳидкунандаи тамаддуниро иҷро кунад, дар ин ҳолат он майдони муколамаҳои дипломатӣ, конфронсҳои умумӣ ва майдони намоишҳои наврӯзӣ мешавад.

Иброз гашт, маҳз самараи ваҳдату якдилӣ ва истиқлолу озодист, ки аз Наврӯз то Наврӯз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон руйдодҳои муҳими фаромӯшнашаванда ба вуҷуд меоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯз то ба Наврӯз ба дастовардҳои муҳим ноил мегардад, ки ин гувоҳи сиёсати бобарор ва муваффақонаи Сарвари давлат мебошад.

Баъдан, барномаи ҷолиби консертӣ бо ширкати ҳунармандони шинохтаи кишвар пешниҳод ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search