Лоиҳаи ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ

Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номи лоиҳа: Лоиҳаи ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ

Рақами лоиҳа: 59108-001

Агентии иҷрокунанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои татбиқи  Лоиҳаи ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ грант дастрас намуд. Амнияти тандурустӣ ва расонидани хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар Тоҷикистон тавассути таќвияти самтҳои гендерӣ ва устувории иқлим беҳтар хоҳад шуд.

Таҳти назорати ВТҲИАҶТ Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) таъсис дода мешавад. ГТЛ барои татбиқи умумии лоиҳа, аз ҷумла идоракунӣ, харид, маъмурияти ҳаррӯза, мониторинг ва гузоришдиҳӣ масъул хоҳад буд.

Давраи тахминии татбиқи лоиҳа аз ноябри соли 2026 то декабри соли 2031 5 солро ташкил медиҳад.

Дар ин робита, Агентии иҷроия мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмун барои ишғоли вазифаҳои зерин даъват мекунад:

1. Сармутахассис оид ба харид (Terms of Reference)

2. Ҳамоҳангсози сармутахассис оид ба фаъолиятҳои солимии ҳайвонот (Terms of Reference)

Талаботи ҳадди ақали тахассусӣ барои номзадҳо чунинанд:

Сармутахассис оид ба харид

(i) Доштани дараҷаи бакалавр, бартарият дараҷаи магистр дар соҳаи муҳандисӣ, харид, иқтисод, идоракунии тиҷорат, ҳуқуқ ё соҳаҳои марбут ба он талаб карда мешавад;

(ii)Ҳадди ақал доштани 5 сол таҷриба ба ҳайси  мутахассиси харид дар муассисаи давлатӣ ё хусусӣ;

(iii) Ҳадди ақал 3 сол кор дар вазифаҳои марбут ба харид дар доираи лоиҳаҳои маблағгузории БОР, БҶ, БАТР ё дигар ММБ;

(iv) Дониши хуби дастурҳои хариди БОР талабот ва тартибот талаб карда мешавад;

(v) Таҷриба дар коркарди шартномаҳо (тибқи расмиёти БОР, ба шарти тендери рақобатии кушода бо таблиғоти байналмилалӣ) дар таъмини мол ва хизматрасонии машваратӣ афзалият дорад;

(vi) Донистани расмиёти хариди давлатии Тоҷикистон;

(vii) Дониши аълои кории шарҳҳои дахлдори ТИ (MS Word ва Excel); ва

(viii) Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ, забони англисӣ афзалият дорад.

Ҳамоҳангсози сармутахассис оид ба фаъолиятҳои солимии ҳайвонот

  • Доштани дараҷаи бакалавр дар соҳаи тибби байторӣ, саломатии ҳайвонот, илми байторӣ, эпидемиология, тандурустии ҷамъиятӣ, чорводорӣ ё дигар соҳаҳои дахлдор ҳатмист. Доштани дараҷаи магистр дар яке аз ихтисосҳои вобаста бартарӣ ҳисобида мешавад.
  • Доштани ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи касбии дахлдор дар соҳаи саломатии ҳайвонот, хизматрасонии байторӣ, рушди соҳаи чорводорӣ, пешгирӣ ва назорати бемориҳои зоонозӣ, эпидемиология ё дигар самтҳои техникии вобаста ҳатмист.
  • Таҷрибаи иштирок дар татбиқи ташаббусҳои «Солимии ягона» (One Health), назорати эпидемиологии бемориҳои зоонозӣ, тандурустии ҷамъиятии байторӣ, назорати бемориҳои ҳайвонот ё ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ матлуб мебошад.
  • Таҷрибаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатӣ, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ ё лоиҳаҳои аз ҷониби донорҳо маблағгузоришаванда бартарӣ ҳисобида мешавад.
  • Таҷриба дар татбиқи фаъолиятҳо дар сатҳи маҳал, таҳкими иқтидор, чорабиниҳои назорати эпидемиологӣ, фаъолияти системаҳои лабораторӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ё татбиқи лоиҳаҳои пилотӣ матлуб мебошад.
  • Шиносоӣ бо лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, FAO, Хазинаи Глобалӣ ё дигар шарикони рушд маблағгузоришаванда, аз ҷумла расмиёти харид ва татбиқи лоиҳаҳо, бартарӣ ҳисобида мешавад, вале ҳатмӣ нест.
  • Доштани малакаҳои хуби таҳлилӣ, ташкилотчигӣ, ҳамоҳангсозӣ, таҳияи ҳисобот ва муоширати касбӣ.
  • Қобилияти самаранок фаъолият намудан ҳам мустақилона ва ҳам ҳамчун узви гурӯҳи бисёрсоҳавӣ.
  • Донистани озоди забони тоҷикӣ ва/ё русӣ ҳатмист. Донистани забони англисӣ дар сатҳи корӣ бартарӣ ҳисобида мешавад.

Аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки резюмеи худро тавассути почтаи электронии rrahimova88@gmail.com  бо нусха skholovs@gmail.com ирсол кунанд.

Лутфан, унвони вазифаро дар мавзӯи почтаи электронӣ қайд кунед.

Лутфан, қайд кунед, ки резюмеи шумо бояд дар шакли қабулшуда аз ҷониби Агентии иҷроия бо забони англисӣ ирсол карда шавад. (ADB Format) ва бо забони тоҷикӣ (Маълумотнома). Pезюме/CV набояд аз панҷ (5) саҳифа зиёд бошад.

Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан аз соати 9:00 то 17:00, аз душанбе то ҷумъа бо суроғаи зерин тамос гиред.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯчаи Шевченко, 69, Душанбе, Тоҷикистон (ошёнаи 10).

Мӯҳлати охирини пешниҳоди резюме/CVҳо 11 августи соли 2026, соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Интихоб мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби интихоби мутахассисони инфиродии Бонки Осиёии Рушд анҷом дода мешавад.

Танҳо номзадҳои мувофиқ дар асоси резюме ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search