Маросими ифтитоҳи Маркази ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин оид ба мубориза бар зидди нобиноӣ

Имрӯз, 31-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм» маросими эҳдои кӯмаки башардӯстона  ва ифтитоҳи Маркази ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин оид ба мубориза бар зидди нобиноӣ доир гашт, ки дар он муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси Шӯрои Хазинаи «Корвони саломатӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Хэшэнг, котиби генералии хазинаи мазкур Гуо Вэй, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм иштирок намуданд.

Дар муассисаи мазкур нахуст маросими тақдими таҷҳизотҳои тиббӣ дар ҳаҷми ду миллион юан ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби кишвари Чин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Бояд гуфт, ки  таҷҳизотҳои тиббӣ аз 1 адад заррабин (микроскоп), 1 адад дастгоҳи “Фако-элит”, 1 адад лампаи қишрӣ, 1 адад таҷҳизоти безараргардонӣ ва 1 адад таҷҳизот барои муайян намудани андозаи зуҷоҷи сунъӣ ва ғайра иборат мебошанд, ки баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм”  тақдим карда шуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни қабули кӯмакҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Тавре зикр гардид, давоми солҳои охир бо дастгирии роҳбарияти олии ҳарду давлат ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштаанд.

Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин , ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар рӯзҳои 14-16 сентябри соли 2006 ба имзо расидааст, аз ҷониби ҳамкасбони чинӣ дар марҳилаи аввал 970 нафар муоина ва 543 нафар ҷарроҳӣ карда шуда, дар марҳилаи навбатӣ 70 нафар аз ташхис ва ба 37 нафар амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи сафарҳои худ ба Тоҷикистон табибони чинӣ даврҳои омӯзишии назариявӣ ва амалиро дар мавзӯъҳои  мубрами  бемориҳои чашм, аз он ҷумла,  глаукома, чашмпарда, ретинопатияи диабетӣ, дистрофияҳои синнусолӣ ва рефраксия  баргузор  намуданд, ки барои пешрафту истифодаи таҷрибаи пешрафтаи соҳаи офталмологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи табибони тоҷик мусоидат менамояд. 

Дар идома бо иштироки меҳмонон парда аз рӯйи лавҳаи Маркази ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин оид ба мубориза бар зидди нобиноӣ бардошта шуда, ба фаъолияти расмии он ҳусни оғоз бахшида шуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки Маркази ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин оид ба мубориза бар зидди нобиноӣ маркази муштарак буда, табибони чинӣ низ метавонанд дар он барои беморони чашми кишвари мо низ хизматрасонии тиббию табобатиро ба роҳ монда, ҳамзамон давраҳои бозомӯзӣ ва мубодилаи таҷрибаро якҷо бо ҳамтоёни тоҷикистонии хеш гузаронанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар минбаъд низ дар соҳаи тандурустӣ идома ёфта, ба раванди воридсозии технологияҳои муосири тиббӣ ва дар маҷмӯъ ба  баланд бардоштани сифати хизматрасонии тахассусии тиббӣ дар кишвар мусоидат менамоянд. 

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search